- ба тарафи ман нигариста пурсид муфаттиши прокуратура.
Банда ҳеҷ гумон надоштам, ки сари ин масъала ба баҳси ду намояндаи ҷинси латиф ҳамроҳ мешавам, вале ман ба хулосае омадам, муфаттиши прокуратура аз суханони ин духтари беҳаё ба эҳсосот дода шудааст. Ман ба ёд овардам, ки бобоям дар бораи шарму ҳаё мегуфт:
Ҳаё бошад, ки дорад одамизод, Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод!
Ман мехостам ҳамин суханонро дар ин маҳфил такрор намоям, вале ин баробари он буд, ки ба оташи алангагирифта боз равған пошӣ. Ба замми ин, бад буд ё нек, акнун Шаҳлои Носир шахси гумонбаршуда ба ҳисоб мерафт ва пеш аз оғози пурсиш мо ҳуқуқ надоштем, ки ба эҳсосот дода шавем. Чунин амал дар рафти тафтишот метавонист оқибатҳои бад ба бор орад. Мегўянд, “битарс аз оне ки ў натарсад аз худо.” Ба ростӣ, дар рў ба рўи мо айнан чунин як фарде менишаст, ки шарму ҳаёро кайҳо пеши по зада буд ва мо маҷбур будем ҳамин нуқтаро сарфи назар накунем, бинобар ин гуфтам: - Беҳтар мешуд, ки сари масъалаи асосӣ бармегаштем.
- Акбар Ҳакимович, ман ҳеҷ мавқеи шуморо нафаҳмидам,
- эътироз намуда гуфт муфаттиш.
- Худованд бузург аст ва довари аслии гуфтор, кирдор ва рафтори мо низ худи ўст, - гуфтам ман.
Муфаттиш даст ба пешонааш бурда, ба андеша рафт.
Ниҳоят ў аз ҷой бархеста, рафта тирезаро кушод. Шамоли сарди шабона чун дузд вориди бино шуд ва ҳатто ману Шаҳлои Носир ҳам сардии ҳаворо ҳис намудем, вале муфаттиш чун пайкари сангин пушти тиреза рост буду бо нигоҳи оташбораш пардаи зулмотро дар шаби тор шикофтан мехост… - Саодат Назаровна, ҳоло зимистон аст, зимистон…
- Зимистон гуфтед, - аз байни андешаҳояш берун омадаву кунҷи нигоҳашро каме тағйир дода пурсид муфаттиш
- Бале, зимистон ва ба замми ҳамаи ин боз шаб ва чӣ хеле ки шумо огоҳӣ доред, шабона ҳаво хеле сард аст.
Муфаттиш дигар каломе ба забон наоварда, тирезаро пӯшид ва сари мизи корӣ баргашта хомаро ба даст гирифт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




