Маҳз ҳамин рафтори эшон ба мо ҳам руҳу илҳоми тоза бахшид ва моделро ба ҳузури хеш хондем.
Тайи ҳамин як - якуним соати боздоштшавӣ чашмони модел хеле коста шудаву нигоҳаш ҳазин гашта буд.
Муфаттиши прокуратура Саодати Назар мусоҳиби дар рў ба рўяш нишастаро, ки ҳанўз аз сад гулаш як гулаш нашукуфта, вале нафси бад ўро аз роҳи рост бароварда буд, ба ҳуқуқҳои доштаи шахси гумонбаршуда шинос намуда, мунтазири посухи вай гашт.
- Ман гуноҳе надорам. Ба шахси бегуноҳ бошад ҳимоячӣ чӣ лозим? Ҳамчунин, ман асосе надорам, ки ба шумо бовар накунам. Аминам, ки то оғози субҳ шумо хатои хешро фаҳмида бандаро гусел хоҳед кард.
- Мо ҳатто шод мешудем, агар шумо бегуноҳ мебудед, вале афсўс ки ин хел нест. Мефаҳмед шумо саропо олудаи гуноҳед ва хоҳиш мекунам, ки хаёлҳои хомро, ки гўё то оғози субҳ мо ба шумо худоҳофизӣ мекунем, аз сар дур намоед.
- Хуш, гуноҳи ман дар чист? Шояд аз рўи ҳамон расмҳо шуда, шумо маро чашми дидан надошта бошед.
- Шумо худ чӣ фикр доред?
- Чун банда, ки зебоипараст будам, андеша накардам, ки рўзе мешаваду ҳамон зебоипарастиям абри сиёҳро болои сарам меорад.
- Чӣ тавр шумо, духтари мусулмон, тавонистед, расми урёни хешро, ки бархилофи ақида ва анъанаҳои гузаштагон аст, чун асари санъати тасвирии мардумони Ғарб баҳогузорӣ намоед.
- Мо аз ғарбиён чӣ камӣ дорем?
-Гар ҳаё набвад биафтад расми исмат аз миён, В-ар ҳиҷобе дар миён аст, аз тақозои ҳаёст. - Ин ҳама аз нигоҳи онҳоест, ки ба хуршед аз паси панҷа менигаранд.
- Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, хуршед ин шумо ва мо аз рӯйи нофаҳмӣ ба шумо барин хуршеди тобон аз паси панҷа нигаристем?
- Ман ин хел нагуфтам.
- Суханони шуморо дигар хел фаҳмидан ғайриимкон аст ё шумо, рафиқ майор, суханони аз забони ин бонуи зебоипараст берун омадаро дигар хел шарҳу эзоҳ дода метавонед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




