Ҳама бо навбат дар бораи ҳодисаи рухдода сухан ронда, “дӯстони” дар фароғатбударо, ки саропо дар ҳила гум буданд, қариб ки ба нобиғаҳо шабеҳ доданӣ шуданд. Маҳз ҳамин суханон бандаро каме ҳам бошад, дар шигифт овард ва чун риштаи суханро ба ман доданд, гуфтам: - “Худованд ба мо ақли маҳдуд ва мақсаду мароми номаҳдуд додааст.” Бо ҳама маҳдудияти хеш ақл асоси пешравии зиндагии инсон аст, ки дар урфият онро пешравии давлат ҳам ном мебаранд. Маҳз тавассути ақл инсонҳоро ба ду гӯруҳ ҷудо кардан мумкин аст.
Онҳое, ки ақлро ба манфиати умум истифода мебаранд, аз нуқтаи назари фалсафа оқиланд, вале онҳое, ки ақлро мутеи нафс намудаанд, ба гурӯҳи ҷоҳилон дохил мешаванд. Қариб ҳаштод фоизи онҳое, ки даст ба ҷиноят мезананд, ғуломи нафс гаштаанд ва чӣ илоҷ, ки онҳо бо аждаҳое, ки қалбашонро иҳота намудааст, мубориза бурда наметавонанд.
Дар ин ҷода худи волидайн ва ҷамъият ҳам саҳм гузошта метавонанд. Ба наздикӣ тариқи шабакаи аввал як барномаи суҳбати сарироҳиро тамошо намудам. Репортёр аз духтаре, ки хонандаи мактаби миёна будааст, пурсид:
- Гўед, ки аз ҳама одами пешқадам ва бонуфуз дар ҷамъият кист?
Духтар бе ягон истиҳола гуфт, ки “шахси пешқадам ва бонуфузи ҷомеа ин одами пулдор аст.” Ана ёбу гир, пас аз чунин намуди тарбия чиро интизор шавем. Аз эҳтимол дур нест, ки баъди шунидани чунин посухи “зебо” даҳҳо не, садҳо ҷавонон кӯшиши бо ҳамин роҳ ба арсаи зиндагӣ баромаданро накунанд. - Оқилон аз ақл масту ҷоҳил аз кирдор маст, - гуфт прокурор ва сухани пештараашро аз ёд бароварда, баҳри пурсиши боздошташудагон рухсат дод...
...48...
Вазъи ба вуқўъ пайваста тақозо мекард, ки прокурор сухани хеш пас гирад ё мо амри вайро сарфи назар намуда “истироҳати” меҳмононро нороҳат созем.
Амрихудоев ин дафъа аз рўи мақоли халқӣ “обро бину мӯза каш” амал намуда, аввалин шуда, худаш мороторияи эълоннамудаашро вайрон карда, лочинро ба ҳузураш хонд.





