Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 470 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 470 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Бо ман, каме ҳам бошад, - худашро гум намуда гуфт нафаре, ки мо ўро ҳам нияти боздошт намудан доштем.
  • Бо шумо ва боз бо он ду ҳаммаслакатон ва на танҳо ба онҳо, балки боз бо Раънои Салим, - ин дафъа ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт муфаттиш.
  • Бо Раънои Салим? - пурсид “дӯсти” бе кинаи мо, ки яке аз сабабгорони сайёҳати шабонаамон гашта буд.
  • Оё гуфтанӣ нестед, ки Раънои Салимро намешиносед? - пурсид Саодати Назар.
    ...
  • Ҳаминаш беҳтар аст, ки шиносоии хешро ба Раъно инкор накардед, вагарна моро лозим меомад, ки бо далелҳо шиносоии шуморо собит намоем, - суханашро давом дода гуфт бонуе, ки чун мо даст ба ҳимояи қонун зада буд.
  • Рафиқ полковник, ба андешаи шумо ин бародарро то субҳ ором гузорем ё? - ба тарафи Воҳид Камол, ки дар синну сол аз ҳама калонтар буд, нигариста гуфт Амрихудоев.
  • Коре ки шумо дар ҳаққи ин бародар (ба тарафи боздоштшуда нигариста суханашро давом дод Воҳид Камол) намудед, муш ҳатто дар ҳаққи суноч раво намебинад.
  • Мушро нафси бадаш вориди қапқон мекунад ва бар зарардиҳанда муросо намудан ин аз камоли хирад нест, - гуфта прокурор барои ба милиса бурдани боздоштшуда рухсат дод.
    Дар замоне, ки лочин ва ҷиянашро ба камераҳои алоҳидаи хонаи нигоҳдории муваққатии “меҳмонон” гусел мекарданд, мо низ ҳамроҳи Баҳодури Сулаймон вориди бинои милиса шудем ва муфаттиш нисбати эшон моддаи 412 қисми 1 КМҶ ҶТ тадбиқ намуда, ўро ҳам аз қафои дӯстонаш баҳри “истироҳат” фиристод…
    Дар замоне, ки тарҳсоз ва дӯстонаш дар ҳуҷраҳои алоҳидаи ИВС дар “фароғат” буданд, сарвари ШКД ҳамаи он нафаронеро, ки дар ҳамон лаҳзаҳо дар долон пасу пеш қадам мезаданд, ба дафтари кориаш даъват намуд. Баъди Воҳид Камолу Амрихудоев ва муфаттиши прокуратура Саодати Назар мо ҳам вориди дафтари кори сарвари ШКД шудем ва лаҳзае пас ба таҳлили ҳодисаҳои соате пештар дар фурудгоҳ рух дода пардохтем…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан