Акнун аз суханони Наврўз Умар ман фаҳмидам, ки бортинженер дар дақиқаҳои охири пеш аз ворид шудани ҷиянаш ба тайёра ҳозир шудааст ва ҳангоми суҳбат бо ҷиянаш ба даст афтодааст. Аслан тайи як - ду дақиқа вай ҳамроҳи ҷиянаш сари кадом масъала “суҳбат” намудааст, то кунун барои тафтишот муаммо буд, вале боздошти тағо ва ҷиян ин ифодагари иродаи ҳарду тараф буд, ки дер ё зуд бояд ошкор мешуд. Нафареро, ки бояд ҳамроҳи Қаюмова Шаҳло Каримовна (Шаҳлои Носир) ба Маскав парвоз мекард, дар асоси ҳуҷҷатҳо Баҳодури Сулаймон ном будааст ва то ҷое ки мо иттилоъ гирифтем эшон дар маркази сайёҳӣ ва туризм кору фаъолият доштааст…
Афсўс ки Ҷомӣ Шариф баҳри гусели “меҳмонон” рафт, вагарна банда дар бораи нафаре, ки Шаҳлоро дар ин сафар ҳамроҳӣ кардан мехост, маълумоти бештаре мегирифтам, вале бе ин ҳам ман аз рўи акс ўро шинохтам. Ў ҳамон нафаре буд, ки чанд рўз пеш Ҷомии Шариф аксашро, ки ҳамроҳи ситораи ширкати шотландии «Виле КЭТ» ва Раънои Салим аз як дарвоза дар фосилаҳои на чандон зиёд баромада буданд, ба ман нишон дод.
Дар акс ў борони сиёҳии ниҳоят шинам дошт, вале ҳоло бошад, дар тани вай нимпалтои чармини зебое буд, ки ба ҷуз дар зимистон дар рўзҳои аввали баҳор ҳам истифода бурдан мумкин буд.
Дар ин бора ман фикру андешаи хешро оҳиста ба гӯши муфаттиш гуфтам, то ў ҳам чун банда ҳангоми ҳуҷум дар ин самти фронт аз вазъият огоҳӣ дошта бошад…
Овози ғурриши муҳаррикҳои тайёра ва ба фазо бархостани он охирин умедро дар ниҳоди Баҳодури Сулаймон ҳам барканд. Садои ҳавопаймо дар ин шаби тор он қадар гӯшкаркунанда буд, ки ҳатто дар дохили бино мо онро дарк намудем. Тайи ин муддат, ки гӯшу ҳуши мо ба он мурғи фӯлодин банд буд, муфаттиш патронашро ба гӯшаи дигари бино бурда, ба гӯшаш чизе гуфт.
- Дар ин ҷо мунтазири рўз шуда истодан фоида надорад, беҳтараш ба милиса меравем ва дар ҳамон ҷо ба шумо суҳбат мекунем, баробари ба назди мо омадан ба тарафи Баҳодури Сулаймон нигариста гуфт прокурор.





