- Шумо аз ягон бало наметарсед ва хоҳиш мекунам, ки аз имон ёдовар нашавед.
- Чӣ шумо ба гуфтаҳои худованд боварӣ надоред?
- Ба гуфтаҳои худованд боварӣ дорам, вале ба шумо боварӣ надорам.
- Сари ин масъала дар рафти тафтишот боз бармегардем, - гуфт сарвари ШКД, ки ба ҷуз вай то кунун касе бо ин духтари шайтон сухане нагуфта буд.
Нафари дуюму сеюм ҳам баъди шикасти модел хомӯш шуданд, шояд онҳо фаҳмиданд, ки модоме кормандони милиса ба ҳамин духтари муштипар раҳм накарданд, ҳама ҷаҳду талош бар зарари худашон хоҳад шуд.
Аз ҳама аҷибаш он буд, ки мо ба шахсияти он ду нафар ҳам чандон боварӣ надоштем, чунки худи модел бо шиносномаи дигаре мехост вуруди Маскав шавад. Дар ҳақиқат Шаҳлои Носир дар шиносномаи ба хадамоти гумрукӣ ва сарҳадӣ пешниҳоднамудааш насаби дигаре дошт. Қаюмова Шаҳло Каримовна, вале акси дар шиноснома омада, ки муаррифгари соҳиби он буд, акси кунунии ҳамин ҷавонзани зарринамўй буд, ки ўро банда базӯр шинохтам. - Шуморо дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо боздошт менамоем, - риштаи суханро дар анҷоми ин «табаддулот»
(баҳсу мунозираҳои бепоён) ба даст гирифта гуфт Амирхудоев.
Баъди санҷиш ва гирифтани ҳуҷҷат ва сумкаҳои сафари ду нафар фирорӣ, ки мехостанд бо ҳар роҳу восита аз ҷумҳурӣ берун шаванд, прокурор амр намуд, ки онҳоро барои боздошти муваққатӣ ба милиса интиқол намоянд.
Бо амри Воҳид Камол гусели «меҳмонон» ба хонаи нигоҳдории муваққатӣ ба зиммаи гурӯҳи сеюм (сардори гурўҳ лейтенанти милиса Ҷомии Шариф) ва гурӯҳи дуюм, ки то андозае дар шикасти амалиёт гунаҳкор буд (сардори гурӯҳ лейтенанти калони милиса Муродов Абдулазиз) гузошта шуд.
Нафари сеюмро бошад, муддати на чандон тӯлоние дар ҳамин бинои фурудгоҳ боз доштан лозим меомад, чунки баъди гирифтани хабари якум, ки объект аз манзилаш берун шуд, марказ аз нигоҳи мантиқ хоҳиш намуд, ки вайро дунболгир нашаванд…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




