Тахминан баъди даҳ-дувоздаҳ дақиқаи интизорӣ Ҷомии Шариф аз самти муқобили баромадгоҳи сеюм пайдо шуда бандаро низ ба он ҷо даъват намуд. Чун нафари дар пеши дари баромадгоҳ буда, аз ман ҳатто ҳуҷҷат напурсид, ба хулосае омадам, ки марказ масъалаи воридшавии маро низ дар сатҳи болоӣ ҳал намудааст. Ману Ҷомӣ аз шипанги (павильон) асосӣ гузашта, ба тарафи чап тоб хӯрдем ва дар он ҷо вориди биное шудем, ки шӯру валвалаи се тан ба авҷи аълояш расида буд.
Ман дар он ҷо ба ҷуз Воҳид Камолу Наврўз Умар боз прокурор Амрихудоев ва муфаттиш Саодати Назарро ҳам дидам, ки дар ҳузури чанд нафари ношинос бо се тан шахси боздоштшуда баҳсу мунозира доштанд.
Ман аз он се нафари сари баҳс қарордошта танҳо як нафарро базур шинохтам. Ин ҳамон ҷавонзани зарринмўй буд, ки нигоҳашро аз сўи ман гурезонида. Он вақт ў ҳатто айнаки зебое дошт ва ба пиндори ҳамонлаҳзаинаи ман айнак синну сол ва ҳусну малоҳати ҷавонзанро хеле зеботар намуда буд, вале акнун…
Ў ҳамон муши бур буд, ки замоне бо суханони ширинаш қалби бандаро шикофта, ман ҳатто ҳамон вақт ба хулосае омада будам, ки модар дар тарбияи ў хуни дил хӯрда.
Доду фиғон ва баҳси ўро дида, ман ба хулосае омадам, ки ҳақ ба ҷониби Воҳид Камол будааст, ки мегуфт, ба гумон аст, модел бо амри дил хоҳиши ба мо дасти ёрӣ дароз намудан карда бошад. Акнун ў ба гурбаи хашмгине монанд буд, ки ҳар замон метавонист аз гулӯи нафаре бигирад…
- Шумо ҳақ надоред, ман гунаҳкор шудам, ки аз нияти соф хостам қарзи шаҳрвандии хешро иҷро намоям.
- Агар аз нияти соф ба тафтишот дасти ёрӣ дароз карда бошед, пас ин ҳама шӯру мағалатонро сабаб чист? - пурсид Воҳид Камол.
- Ман аз тайёра дер мемонам, мефаҳмед?
- Агар шумо бе гуноҳ бошед, ҳамеша ҷуброни товони зарари расидаро тариқи суд ба фоидаи хеш ҳал хоҳед кард.
- Ба шумо ёрӣ дода чӣ шудам, ки акнун ба суд умед бандам.
- Мо бе асос касеро боздошт намекунем, чунки аз қонун метарсем, тарс бошад, дар чунин мавридҳо яке аз гӯшаҳои имон аст.





