Дар ҳамин лаҳза радиои фурудгоҳ хабар дод, ки регистратсия ва ба қайдгирии бағоҷҳо ба сатхайри 631 Душанбе – Маскав ба охир расида истодааст. Аз мусофирони қафомонда пурсида мешуд, ки ҳарчӣ тезтар ба баромадгоҳи сеюм ҳозир шаванд.
Нигоҳи банда ба нафаре бархӯрд, ки Сайфуллои Карим сарпарастиашро ба душ гирифта буд. Ў охирин нафаре буд, ки мехост дар ин минтақаи фурудгоҳ сарҳади давлатиро убур намояд. Пешопеши ӯ боз ду нафар - як зан ва як мард буд.
Аслан ҳарду ҳам дар даст ба ҷуз сумкаи сабуки сафари дигар чизе надоштанд. Баъди азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо марди аввала ба самти дигари монеагоҳ (барер) гузашта, лаҳзае пас аз чашми банда панаҳ бурд. Ҷавонзани аврупоӣ, ки мўйҳои зарҳалин ва айнаки зебое дошт, банохост нигоҳашро ба қафо дӯхта, мехост бо мусофири аз қафояш ҳаракаткунанда чизе гўяд, вале нохост чашмаш ба ман бархӯрду ҳамоно нигоҳашро боз ба самти аввала дӯхт. Не, ман ўро нашинохтам, ба ростӣ тайи ҳамин як мижа задан қариб ҳамаи шиносҳоямро пеши назар овардам, вале ба ёд овардам, ки ягон нафар аз онҳо мўйи зарҳалин надорад, ин ҷо бошад мусофирзан изтироберо дар дили банда бедор намуд…
Ман ба самти муқобил рафтам ва тариқи мухобира марказро дар ин бора огоҳ намудам.
- Мо ҳам худат ва ҳам онҳоро дида истодаем, - хабар дод марказ ва банда каме ҳам бошад, боз осуда шуда, ба самти баромадгоҳи сеюм, ки «дўстони» ба чашм наздику ба дил дурам нияти парвози Маскавро доштанд, ҳаракат намудам.
Чун марказ ба ман амри иловагие надод, банда аз дур ҳам бошад, чун тамошобин он ду нафарро аз мадди назари хеш дур накардам. Чун он ду нафар монеагоҳи назоратиро гузашта. аз чашми ман дур шуданд, ман боз тариқи мухобира дар ин бора марказро огоҳ намудам. - Амалиёт дар зери назорат аст, шумо бошед, мавқеи хешро нигоҳ доред, - амр намуд марказ ва ман дилу бедилон ба яке аз курсиҳое, ки ба дари баромадгоҳи сеюм наздиктар буд, рафта нишастам. Албатта, ман намедонистам, ки марказро чӣ андешаҳое дар сар аст, вале итминони комил доштам, ки марказ ба ёрии банда эҳтиёҷе надорад.





