-Тайёра ин автобус нест, ки онро ман нигоҳ дошта тавонам ва аз он ки ба шумо ёрӣ дода натавонистам, афсӯс мехӯрам.
- Наход ягон илоҷаш набошад, охир шумо коргари ҳамин муассиса.
- Афсӯс ки нест, чунки баҳри мусофир убури сарҳади давлатӣ ҳатмист ва агар банда талоше ҳам варзам, бе шиноснома сарҳадро убур намудан ғайриимкон аст.
- Агар шиноснома мешуд, имконият буд?
- Шиноснома мешуд, ман ба шумо чипта менавиштам ва чипта ба шумо ҳуқуқи убури сарҳади давлатӣ ва ба тайёра нишастанро медод.
Дар ҳамин асно ҷавонмарди тахминан бистушашбистуҳаштсолае паҳлуи банда рост шуд ва ба тарафи кассир муроҷиат намуда гуфт: - Светлана Алексеевна, маро ба назди шумо Сайфулло Каримович фиристод. - Шиносномаҳоятонро овардед?
Ҷавонмард на як, балки ду шиносномаро ба дасти кассир дод ва ў онҳоро бо чиптаҳои кайҳо навиштааш муқоиса намуда, ҳамаро якҷоя баъди гирифтани нархи онҳо ба дасти он ҷавон дода, ўро ҳушдор сохт, ки рост ба назди гузаргоҳи сеюм равад. - Регистратсия лозим нест, - пурсид он ҷавони хушбахт.
- Регистратсия ҳатмист! Боз шумо охирон мусофироне ҳастед, ки сарҳади давлатиро убур намуда истодаед, акнун шитобед.
- Ташаккур! - гуфт он ҷавонмарди мўйлабдор ва ба тарафи гузаргоҳи сеюм рафт.
- Аҷиб, ки бо телефон ҳам чиптаро гирифтан мумкин будааст.
- Дар ин замона ҳама кор мумкин аст, фақат дар доираи қонун, - гуфт кассир ва аз ҷой бархест. Лаҳзае пас ў паси девори шишагине панаҳ шуд.
- Маро ба назди шумо Сайфулло Каримович фиристод, - гуфтани он ҷавонмард, ки кассирро ба ин амалаш ҳушдор сохт, дар гӯши банда акси садо дод. Ман низ ба самти гузаргоҳ ё худ баромадгоҳи сеюм, ки мусофиронро ба ҷаҳони дигаре метавонист пайванд намояд, ҳаракат намудам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




