Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 464 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 464 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Оё ман метавонам, ҳарчӣ тезтар ба Маскав парвоз намоям.
  • Намедонам.
  • Яъне, наметавонам.
  • Ман ин хел нагуфтам.
  • Яъне, метавонам ба анҷоми неки кор умед бандам.
  • Умед, ягона шўълаест дар ниҳоди мо, ки хомўширо намепазирад.
  • Яъне, фурўзон доштани он шўъла ҳатмист.
  • Ҳатмӣ.
  • Пас ман ба кӣ муроҷиат намоям, то дар ин лаҳзаи мушкил дастам гирад.
  • Ҳамон нафар дар рў ба рўятон истодааст.
  • Хеле шодам, ки дар чунин лаҳзаи ҳассос бо шумо, Светлана Алексеевна, рў ба рў шудам. Истед, ки чаро фамилиятон Ғаниева мебошад?
  • Чунки ин фамилияро баъди издивоҷ ман қабул намудам.
    -Хуш, чӣ тавр ман метавонам ба ёрии шумо умед бандам?
  • Ҳамааш ба худи шумо вобаста.
  • Ба ман?
  • Ҳа, шумо ҳам фаромўш насозед, ки то анҷоми регистратсия ва супоридани бағоҷ ҳамагӣ чанд дақиқа вақт мондааст.
  • Шумо гуфтед, ки ҳамааш ба худи ман вобаста аст.
  • Инкор намекунам.
  • Ҳамаи ин ба ҷайби банда чӣ таъсире расонида метавонад?
  • Бист фоиз аз нархи чипта.
  • Ман розӣ.
  • Марҳамат, шиносномаатонро диҳед.
    Ман даст ба ҷайб бурдам ва оҳи сарде аз дили пурдард бароварда гуфтам, ки шиносномаамро аз саросемагӣ дар мошин фаромӯш намудам ва агар бонуи муҳтарам дар суханаш устувор бошад, ман баъди панҷ-шаш дақиқа онро гирифта бармегардам.
  • Метавонед, дигар ташвиш накашед.
  • Чаро?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан