Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 463 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 463 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Бе рухсати марказ хомӯш намудани мухобира манъ аст ва барои ин худсариатон ҷазои интизомӣ хоҳед гирифт.
  • Ҷазо бошад ҷазо.
  • Наврўз Умарович, бо ин лейтенант фаҳмонед, ки ҷазо чист ва он чӣ оқибате дорад.
  • Итоат, рафиқ полковник.
    Дар ҳамин асно ронанда ба назди Воҳид Камол омада хабар дод, ки мошини ГАЗ-3102 рақами давлатиаш Е 64-2801 РТ аз таъқиби гурӯҳи дуюм раҳоӣ ёфтааст.
  • Дар куҷо?
  • Дар кӯчаи Назаршоев.
  • Чӣ хел?
  • То ҷое ки ман фаҳмидам, баъди гузаштани ГАЗ 3102 қаторае рўйи роҳ баромадааст.
  • Қатора аз куҷо пайдо шудааст?
  • Инашро на таъқибгарон ва на ман намедонем.
  • Худоё, худаш чӣ гап?
  • Шояд ҳамааш тасодуф бошад? - сардори ШКД - ро ором карданӣ шуда гуфт Наврўз Умар.
  • Чӣ фарқ дорад, ки ҳодиса тасодуфан рух додааст ё ?
  • Дуюм, интизори амри шумост, - боз гулў рушан намуд ронанда.
  • Онҳоро ба фурудгоҳ даъват намоед. Аз зери замин ҳам бошад, моделро пайдо намоед.
    Бо супориши Воҳид Камол ман ба кассаҳои чиптафурўшӣ ва Наврўз Умар ба самти даромадгоҳи мошинҳои хизматӣ ҳаракат намудем. Воҳид Камол бошад, яке аз аксҳои моделдухтарро гирифта, ҳамроҳи Ҷомии Шариф ба самти бинои асосӣ, биное, ки аз рўи гузориши лейтенанти милиса Ҷомии Шариф духтарро замин ба қаъри хеш бурда буд, ҳаракат намуданд.
    Ба манфиати кор буд ва ё бахти банда, ки ному насаби чиптафурӯшон дар пеши барашон сабт шуда буд ва ёфтани духтари Виктория Марковна мушкилиеро пеш наовард.
  • Светлана Алексеевна?
  • Ман.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан