Дуюм, рафту агар прокурор занг занад, гўед, ки ба фурудгоҳ рафтем.
- Итоат.
- Аз пайи кор шавед.
Бархилофи ҳама гуна огоҳкуниҳои сардор Хоҷаев сараввал ба ёрдамчиаш Сафари Сафар супориш дод, ки ронандаи мошини хизматии шефро, ки дар дохили мошин ғанаб рафта истодааст, бедор намояд, то лаҳзае ҳам бошад, аз ҳавои тоза нафас гираду ҳушёр шавад. Баъди аз дар баромадани Сафари Сафар Воҳид Камол аз Наврўз Умар пурсид, ки оё дар бойгонии эшон акси моделдухтар маҳфуз ҳаст ё не? - Албатта, рафиқ полковник, лонаи гург бе устухон нест.
- Бисёр хуб, ҳама аксҳои доштаатонро бо худ бигиред.
- Сипас, бо рухсати онҳо ман ба ошёнаи дуюм баромада, аз ғалладони мизи кориам ҳамаи аксҳои то ба ин лаҳза дар атрофии қазияи мазкур гирд овардаро бо худ гирифта баргаштам.
Тайи ин муддат сарвари ШКД бо гурӯҳҳои дар фурудгоҳ амалкунанда дар тамос шуда, дастуру супоришҳо дод ва чун ман ба ошёнаи якум фаромадам, охирин сухани эшонро шунидам, ки мегуфт, ўро аз мадди назар дур накунед…
Лаҳзае пас мо савори мошин шудем ва ронанда муҳаррикро ба кор даровард…
...47... - Рафиқ полковник…
- Озод.
- Рафиқ полковник.
- Ҳоло вай дар куҷо?
- Баъди вориди бино шудан мо дигар вайро надидем, мисли оне ки замин ўро кашида бошад.
- Ё лаълии парон вайро бурд?
- Намедонам, - гуфт нозири минтақавӣ.
- Мошин ба кадом самт рафт?
- Вақте ки мо моделро ба зери назорати хеш гирифтем, мошин дар наздики истгоҳ буд, баъди вориди бинои фурудгоҳ шудан ба мақсади таваҷҷуҳи мардумро бедор накардан мо мухобираро хомӯш намудем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




