- Ҳоло ў дар куҷост?
- Дар роҳ ба самти фурудгоҳ.
- Муфаттишро ҷеғ назадед?
- Не, вале мо итминони комил дорем, ки сарназоратчии қонун худ ба хулосае хоҳад омад.
- Чӣ илоҷ, модоме ки зарур бошад…
- Марказ, ман сеюм, ба алоқа бароед, қабул.
- Сеюм, марказ дар алоқа, қабул.
- Марказ, объект аз мошини ГАЗ-3102 фаромада, ба самти бинои асосии фурудгоҳ ҳаракат дорад. Дар пеши фурудгоҳ вайро зане, ки дар тан либосҳои ҳавонавардӣ дошт, истиқбол намуд ва ҳарду вориди бино шуданд. Чун байни мо ва объект фосилаи муайяне буд, назорати минбаъдаи вайро аз даст додем.
- Сеюм, ман марказ, қабул.
- Марказ, сеюм дар алоқа, қабул.
- Сеюм, оё гуфтанӣ нестед, ки объект аз зери биниатон гум шуд, қабул.
- Марказ, ман сеюм, айнан чунин ҳодиса рух дод, вале шуморо бовар мекунонем, ки ҳамаи роҳҳои аз бино баромадан дар зери назорати мо қарор дорад.
- Сеюм, назоратро ҷонноктар намоед, мо ҳам ба ёрии шумо расида меоем, - гуфт Воҳид Камол мухобираи дар дасташ бударо ба ман дод ва мо ҳама ба самти дар ҳаракат намудем…
Ҳангоме ки мо аз қабулгоҳ ба пешдолон баромадем, Воҳид Камол боз чизеро ба ёд оварда, лаҳзае таваққуф намуд. Тайи ин муддат майори милиса Хоҷаев, ки сари пулти телефонҳо менишаст, аз ҷой бархеста, ба назди мо омад. Воҳид Камол ҳанўз сари андешаҳои хеш дар парвоз буд магар ки ҳатто омадани навбатдорро ҳам пайхас накард. - Навбатдор! - садо намуд сарвари ШКД.
- Ман! - овоз рӯшан кард Хоҷаев.
- Ман чӣ гуфтанӣ будам, рафиқ Хоҷаев? - ба тарафи мусоҳибаш нигариста пурсид сарвари ШКД.
- Шояд ронандаро ҷеғ занам?
- Ин амали дуюмдараҷаи шумо хоҳад шуд, чунки бе мошин мо ба ҷойи ҳодиса рафта наметавонем. Дар навбати аввал бошад, шумо ба бахши маълумотдиҳии БДА занг зада муайян намоед, ки мошини ГАЗ 3102 Е64-2801 РТ молӣ кист?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




