- То алоқа, - гуфт марказ ва мухобираро болои миз гузошта афзуд: - Хуш...
- Ба фикрам, мошин ба самти фурудгоҳ ҳаракат дорад, - гуфтам ман.
- Барои ба фурудгоҳ рафтани ӯ чӣ лозим буд, нисфи шаҳрро гаштан. Оё намешуд аз пеши меҳмонхона тариқи кӯчаи Айнӣ ба самти фурудгоҳ ҳаракат намоянд.
- Ин ҳама як манёвр буд. Аз эҳтимол дур нест, ки онҳое, ки нияти аз шаҳр фирор намудан доранд, рост ба пеши зинаҳои тайёра нараванд.
- Ба пеши зинаҳои тайёра?
- Бале.
- Бе чипта?
- Бе чипта ё бо чипта чӣ фарқ дорад? Муҳим он аст, нафаре, ки ба гусели муши бур камари ҳиммат бастааст, ба ҳама кор қодир аст.
- Бовар намекунам.
- Чӣ илоҷ, модоме ки моро низ далели дигаре дар даст нест ва собит шудани суханони мо ба худи вақт вобаста аст.
Воҳид Камол ин дафъа ба бюрои ахбори фурудгоҳ занг зада пурсид, ки дар соатҳои наздиктарин ба кадом самт парвоз намудан мумкин аст? - Баъди як соату понздаҳ дақиқа тайёра ба самти Москва парвоз мекунад. Аллакай ба қайдгирии мусофирон ва бағоҷи онҳо оғоз шуд...
- Рафтем, - аз ҷойи бархеста гуфт сардори ШКД.
- Ба куҷо? - пурсид Наврўз Умар.
- Ба фурудгоҳ...
- Вақти он расидааст, ки ...
- Ҳақ ба ҷониби шумост, рафиқ подполковник, - гўён Воҳид Камол дубора сари мизи кориаш нишаст ва боз гӯшаки телефонро бардошта, тугмачаҳои онро зер намуд.
- Амрихудоев гӯш мекунад.
- Дар назди телефон Воҳид Камол. Банда бояд арз намоям, ки модел нияти аз шаҳр баромадан дорад.
- Ба куҷо меравад?
- Ҳоло намедонам, вале тайёрае, ки омодаи парвоз аст, соате пас ба фазо мехезад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




