Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 459 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 459 аз 527 · 2 ноябри 2026

Воҳид Камол чанд тугмачаеро дар диски телефони кориаш пахш намуд.

  • Шуморо гӯш мекунам.
    Сардор матлаби хеш ва унвону вазифаашро низ ба мусоҳиби дар самти дигари сим будааш иброз намуда аз ў ёрӣ хост.
  • Чунин маълумот бе ҳуҷҷати расмӣ дода намешавад, - гўён дар тарафи муқобил ба гуфтугў нуқта гузоштанд.
  • Ба инаш чӣ мегўед? - гӯшакро ба ҷояш гузошта пурсид Воҳид Камол.
  • Шабакаҳои телефонӣ ҳам мақсаду мароми хешро аз доираи қонун берун иҷро намуда наметавонанд.
  • Ин ҳама ба худи шахси масъул дар системаи шабакаҳои алоқа вобастагӣ дорад. Рафту агар прокурор ё намояндаи амният ба онҳо занг мезад, ҳаргиз ҳуҷҷати расмӣ намепурсиданд.
  • Бало ба паси ҳамааш, - гуфт Наврўз Умар.
  • Акнун аз чӣ тарсем, ки дар доми балоем, - сухани мусоҳибашро таҳвият дода гуфт Воҳид Камол ва худ тугмачаи мухобираи дар рўйи мизи кориаш бударо зер намуда, бо дуюм алоқа барқарор карданӣ шуд.
  • Марказ, ман дуюм, қабул.
  • Дуюм, ман марказ, хоҳиш мекунам, аз самти ҳаракати хеш гузориш диҳед.
  • Марказ, ман дуюм, мошини дар зери назорат қарор дошта дар кӯчаи Дўстии халқҳо ба самти шарқ ҳаракат дорад.
    Дар сурати тағйир ёфтани самти ҳаракати объект шуморо огоҳ хоҳем кард...
  • Андешаҳои шумо?
  • Чун ҳанўз самти ҳаракат шакли абстрактӣ дорад, ба хулосае омадан душвор аст, - гуфтам ман.
  • Наврўз Умарович, андешаҳои шумо?
  • Бо Акбар Ҳакимович ҳамақидаам.
  • Марказ, ман дуюм, объект дар наздикии қабристони кӯчаи Қаротегин ба тарафи рост тоб хӯрда, ба самти ҷанубу ғарб ҳаракат дорад.
  • Дуюм, ман марказ, фосиларо бо объект риоя намоед.
  • Марказ, шуморо фаҳмидам, то алоқа.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан