- Рафтем, - аз ҷой бархоста гуфт Наврўз Умар мухобираи хурдакакро боз ба даст гирифта истода. Чун бандаро роҳи дигаре набуд, аз ҷой бархестам ва баъди як дақиқа мо ба ошёнаи якум фаромада, ба самти дафтари кори сарвари ШКД ҳаракат намудем.
- Саодати Назарро огоҳ намудед? - баробари пой ба остонаи дафтари кории сардор гузоштан пурсид Воҳид Камол.
- Не, - иқрор шуд нафаре, ки имшаб тамоми масъулияти идораро ба душ гирифта буд.
- Чаро?
- Чунки рафти амалиёт ниҳоят дер, соати 2230 дақиқа ба қайд гирифта шуд, бинобар ин мо нахостем бону Саодати Назарро ташвиш диҳем.
- Ман нагуфтам, ки муфаттиши прокуратураро барои иштирок дар амалиёти дастгиркунӣ даъват мекардед, вале хуб мешуд агар шумо вайро огоҳ мекардед.
- Дар ин ҷода мо ба хато роҳ додем, рафиқ полковник, вале гумон мекунам, ки муфаттиш ҳам моро мефаҳмад.
- Аз рафти корҳои оперативӣ ҳисобот диҳед.
Наврўз Умар сарвари ШКД-ро ба таври мухтасар, вале фаҳмо аз рафти ҳодисаҳои соатҳои охир огоҳ намуд. - Ба андешаи шумо модел ба куҷо занг зад?
- Инашро мо аниқ гуфта наметавонам, вале гумон мекунам, ки як занги шумо кофист, ки абоненти бо телефонавтомати дар рў ба рўйи меҳмонхонаи “Пойтахт” дар тамосшударо муайян намоянд.
- Рафту агар муфаттишро огоҳ мекардед, кайҳо ба ин суоли хеш низ посух гирифта будед.
- Мо умед бар он мебандем, ки дар чунин лаҳзаи ниҳоят ҳассос шумо моро дастгирӣ хоҳед кард.
- Объект аз телефон-автомати назди меҳмонхона соати чанд ба алоқа баромад?
- Расо баъди як соату шаш дақиқаи занги лочин.
- Тайи ин як соат модел ба чӣ кор машғул буд?
- Инашро аниқ гуфта наметавонам, вале ў баъди бистуҳашт дақиқаи аз манзили зисташ берун шудан ба назди телефон автомати пеши меҳмонхона расид.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




