Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 457 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 457 аз 527 · 2 ноябри 2026

Баъди чордаҳ дақиқаи гузориши гурӯҳи сеюм, дуюм, марказ ва сеюмро огоҳ намуд, ки мошини тамғаи ГАЗ-3102 рангаш сафед, ки аз самти вокзали Роҳи оҳан омад, бе ягон ҳаракати иловагӣ ва аломати боздошт аз тарафи мусофири рўи роҳ интизор буда, паҳлуи вай тағофул намуд ва объект бе ягон калому паёми зиёдати ҷисми хешро дохили он гирифт.
Баробари вориди салон гаштани мусофир мошин ба самти шимоли хиёбони Рўдакӣ ҳаракат намуд. Бо мақсади шубҳаро дар дили нишастагони мошини фирорӣ бедор накардан дуюм аз сеюм хоҳиш намуд, ки аз камингоҳи хеш берун шуда мошини ГАЗ 3102 рангаш сафед, рақами давлатиаш Е 64-2801 РТ-ро, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ба самти шимол ҳаракат дорад ба зери назорати хеш гирад.

  • Дуюм, ман сеюм, шуморо фаҳмидам, то алоқа.
  • Сеюм, ман аз дунболи шумо мешавам, қабул.
    -Дуюм, ман сеюм, шуморо фаҳмидам.
  • Марказ, ман сеюм, қабул.
  • Сеюм, ман марказ, шуморо гӯш мекунам.
  • Марказ, ман сеюм, дар чорраҳаи назди телевизиони “Сафина” мошини таваҷҷуҳи моро бедор намуда, самти ҳаракаташро навад дараҷа ба тарафи рост тағйир дод.
  • Сеюм, ман марказ, объектро муддате ба дуюм супоред.
  • Марказ, ман дуюм, объектро қабул намудам, - баъди ду дакиқа хабар дод дуюм.
    -Ман марказ, ба дуюм ва сеюм, бо навбат аз рўи вазъи ба амаломада объектро ба зери васигии хеш гиред. Кӯшиш ба харҷ диҳед, ки шубҳаеро дар ниҳоди фирориён бедор насозед, қабул.
  • Марказ, ман сеюм, шуморо фаҳмидам, то алоқа.
  • Марказ, ман дуюм, шуморо фаҳмидам, то алоқа.
  • То алоқа, - гўён Наврўз Умар мухобираро ба ҷояш гузошт. Дар ҳамин асно телефони дохилӣ садо дод ва навбатдор хабар дод, ки моро Воҳид Камол мепурсад.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан