Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 456 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 456 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Марказ, дуюм шуморо гӯш мекунад.
  • Дуюм, ман марказ, худи ҳозир ба самти шумо сеюмро (гурӯҳи эҳтиётӣ дар назар аст) мефиристем. Дар ҳолати тағйир ёфтани координатҳо сеюмро ба нақшаи ҳаракати хеш ва объект шинос намоед.
  • Марказ шуморо фаҳмидам, қабул.
  • Назоратро ҷонноктар намоед!
  • Сеюм, ман марказ.
  • Марказ, сеюм дар алоқа, қабул.
  • Сеюм, ба самти меҳмонхонаи “Пойтахт” ҳаракат намуда, назорати минбаъдаи объектро бо навбат ба души хеш гиред.
  • Марказ, шуморо фаҳмидем, қабул.
  • Сеюм, баробари қабул намудани объект, гузориши шуморо интизорам.
  • Марказ, ман сеюм, шуморо фаҳмидам, то алоқа.
  • Шояд ман ҳам ба яке аз он гурӯҳҳо ҳамроҳ шавам?
  • Рафту агар гурӯҳи якум ба ёрӣ эҳтиёҷ дошта бошад, шуморо ба ёрии онҳо мефиристем, - гўён Наврўз Умар гӯшакро бардошта, чанд тугмачаи телефонро зер намуд.
  • Ман гӯш мекунам.
  • Рафиқ полковник...
  • Шуморо фаҳмидам, ташаккур, ки занг задед, худи ҳозир меоям, гўён Воҳид Камол гӯшакро ба ҷояш гузошт.
  • Чӣ лозим буд мўйсафедро ташвиш доданд?
  • Рафиқ майор, аз хотир набароред, ки ягона шахсе, ки аз рўзҳои аввали тафтишот ба тарҳсоз боварӣ надошт, ҳамин мўйсафед буд. Пас оё аз рўи инсоф аст, ки вайро дар ҳамин лаҳзаи ҳассос аз рафти воқеаҳо, ки худи модел иштирокчии бевоситаи он аст, дур созем.
  • Баҳс намекунам, вале бубинед, ақрабаки соат аллакай аз оғози рўзи нав мужда дода истодааст.
  • Боке нест, чунки Воҳид Камол пири мост ва панди бузургон низ тақозо мекунад, ки “бе пир нарав, ки дар бимонӣ”...
    Баъди ҳашт дақиқа сеюм гузориш дод, ки дар масофае қарор дорад, ки ба ҷуз дуюм объектро низ назора карда метавонад, ҳамчунин сеюм бо дуюм дар тамос шуда, координатҳои хешро баён кард. Аз рўи координатҳои гирифта мо ба хулосае омадем, ки гуруҳи Ҷомии Шариф дар тарафи рости ҳайкали Айнӣ, дар масофаи на беш аз панҷоҳ - шаст метр аз хонаи хизмати маишии “Садбарг” дар рў ба рўйи собиқ корпуси шашуми Донишгоҳи миллӣ таваққуф намуда...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан