Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 455 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 455 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Марказ, ман дуюм, ду дақиқа пеш объект аз манзили зисташ берун омад. Ҳоло ў рўи роҳ баромада дар тараддуди нигоҳ доштани таксӣ мебошад. Супориши минбаъдаи шуморо интизорем, қабул.
  • Дуюм, ман марказ, ўро дунболагирӣ намоед, вале худро ошкор насозед, қабул.
  • Марказ, шуморо фаҳмидам, то алоқа!
  • То алоқа!
  • Ҳангоми алоқаи телефони дуюм аз тағояш ягон супориш гирифта буд?
  • Не.
  • Пас ўро дар ин бевақтии шаб чӣ ҳавое дар сар аст?
  • Дар ин бозии қисмат ҳар кӣ нақши муайяни хешро дорад ва модоме ки кор дар чунин сатҳ тарҳрезӣ шудааст, дар ҳолати ҳис намудани хатар аҷаб нест, ки онҳо нақшаи тарҳезишудаи хешро надошта бошанд.
  • Ба варианти эҳтиётӣ гузаштаанд, гўед?
  • Шояд чунин ҳам бошад.
  • Марказ, ман дуюм, қабул...
  • Дуюм, марказ дар алоқа, қабул...
  • Марказ, ман дуюм! Объект дар рў ба рўи меҳмонхонаи “Пойтахт” аз таксӣ фаромада, ба сӯи телефон - автомат рафт.
  • Дуюм, марказ, гўед ки таксӣ дар куҷост?
  • Таксӣ вайро интизор аст.
  • Рақам ва серияи онро гирифтед?
  • Албатта. Ҳа, дарвоқеъ, айни вақт ў аз телефон - автомат ба куҷое занг зада истодааст.
  • Ба вай имконияти наздик шудан ҳаст?
  • Не, мо аз вай дар масофаи на камтар аз панҷоҳ метр қарор дорем, наздик шудани дигар имконият надорад... Ана вай гӯшакро ба ҷояш гузошт. Гуфтугў ҳамагӣ биступанҷ – сӣ сония давом кард. Ў боз ба таксӣ нишаст...
  • Дуюм, ман марказ, чаро хомўш шудед, қабул?
    -Марказ, ман дуюм, объект бо ронандаи таксӣ ҳисобӣ намуда, баъди рафтани таксӣ ба самти муқобили роҳ гузошт.
    -Ў ба ягон ҷо нияти рафтан дорад?
  • Маълум нест, ба фикри мо ў омадани касеро интизор аст.
  • Дуюм, ман марказ, қабул.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан