Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 454 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 454 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Зеро он ки ба ҷиноят даст мезанад, пеш аз ҳама мутеи нафс гардидааст. Онҳое, ки мутеи нафс мешаванд, симои инсонии хешро аз даст медиҳанд, чунки бо нафси хеш даст ба гиребон шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, таваккали онҳоро таваккали аслӣ шумурдан хатост. Ҳамаи онҳое, ки мутеи нафс шуда ба ҷиноят даст заданд виҷдону имон ва шарафи инсонии хешро дар қудуми нафс нисор намудаанд. Нафси бад бошад, онҳоро ба содир намудани кирдорҳои зишт ҳидоят месозад ва оқибат ҳар кадомеро ба бало гирифтор месозад.
  • Ҳар хеле ҳам набошад, онҳо низ таваккал мекунанд.
  • Хоҳиш мекунам, шумо мафҳуми таваккалро дар маънои аслиаш ба инобат бигиред.
  • Чӣ хел дар маънои аслӣ?
  • Ман аллакай гуфтам, ки таваккал кори нек аст, агар он ба манфиати умум, ба манфиати ҷамъият бошад. Кирдори онҳоеро, ки ғуломи нафс гашта, даст ба ҷиноят задаанд, таваккал гуфтан хатост.
  • Пас ҳаракатҳои лочинро ба чӣ шабеҳ диҳем?
  • Ба нафси бади ў, ба нафсе, ки вай ғуломаш гаштааст ва маҳз ҳамин нафс ӯро ба содир намудани хатоҳои навбатӣ роҳбалад хоҳад шуд.
  • Эҳтимол Наврўз Умар эътироз мекард, агар. “Диққат!
    Диққат!” - садо додани мухобираи хурдакаки дар гӯшаи мизи кориаш гузошташуда намешуд.
    Лаҳзаи мо ҳарду гӯш ба қимор шудем, то давоми суханронии нафареро, ки таваҷҷуҳи ҳамкоронро ба худ ҷалб намуданӣ шуд, шунавем.
    Аслан калимаи “диққат” ҳам дар ҷойи хеш маънии “бонги хатарро” дорад. Ҳамаи инро шахс танҳо дар мавриди садо додани ин калимаҳо дарк мекунад. Акнун моро лозим буд, ки баҳси хешро дар атрофи калимаи “таваккал” ба гӯшаи фаромушӣ дода, омодаи шунидани каломи нафаре шавем, ки бо ин бонги изтиробомезаш нафарони дар тамосбударо ҳушдор сохт.
  • Марказ ман дуюм, қабул!
  • Дуюм, ман марказ, - тугмачаи мухобираро зер намуда овоз рӯшан намуд сардори бахш ва банда ба хулосае омадам, ки имшаб ў аз ҳисоби роҳбарият шахси масъул дар идора аст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан