Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 453 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 453 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ў ҷиянашро хушдор сохт, ки дигар қадамашро ба кӯчаи Камонгарон намонад.
  • Сабабашро нагуфт?
  • Не.
    -Аз ин бармеояд, ки суҳбати банда бо Куликова натиҷаи манфӣ ба бор овард.
  • Ман бошам, чунин намешуморам.
  • Андешаҳои шумо?
  • Бо ташрифи хеш ба манзили Ғаниев шумо ба пӯстини Сайфуллои Карим ва ҳаммаслакони вай кайк сар додед. Чун инсон на тоқати гармо дораду на аз сармо, онҳое, ки ҷастухези кайкро дар ҷисми хеш эҳсос мекунанд, баҳри раҳоӣ ёфтан аз он чораҳо меандешанд. Ба таври дигар гўем, аз ҷастухези кайк онҳо сабуриро аз даст хоҳанд дод ва баҳри халосӣ аз он пӯстинро болои оташ хоҳанд афшонд то кайк ба оташ афтад.
    Маҳз ҳамин ҳолат боиси оташ гирифтани пӯстин хоҳад гашт...
  • Яъне, ки онҳо, албатта, чорае хоҳанд андешид, - ниҳоят дилу бедилон ба курсие нишаста пурсидам ман.
  • Онҳоро роҳи дигаре нест ва маҳз ҳамин амалашон ба манфиати тафтишот хоҳад шуд.
  • Гурўҳҳои назоратӣ дар кадом ҳолат қарор доранд?
  • Дар ҳолати омодабош.
  • Афсӯс ки мо на дар манзили лочин ва на дар манзили ҷиянаш тугмачаҳои сабти овоз нагузоштем
  • Инаш рост, вале худи онҳо дар зери назорати шабонарўзӣ қарор доранд, ба замми ин телефонҳои онҳо низ дар зери назоратанд.
  • Рафту на имшаб ва на рўзу шабҳои дигар муши бур ва тағояш кӯшише ба харҷ надиҳанд - чӣ?
  • Чунин шуданаш ҳам аз эҳтимол дур нест, вале аз рўи таҷрибаи хеш мегўям, ки дар нисбати худи мо ҷинояткорон ба таваккал бештар сару кор доранд. Ҳатто як мақоли маъмули русӣ ҳам ҳаст: “Кто не рискует, тот не пёт шампанское”
  • Таваккал кори нек аст ва мақоли халқии “Таваккал нар бувад, андеша мода” низ аз ҳамин лиҳоз дар хотири мардуми ориф монда.
  • Пас чаро мо бо анҷоми неки кор умед набандем?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан