Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 452 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 452 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ба ҳар ҳол ман бо андешаҳои хеш ба хона омадам, бехабар аз он ки ташрифи банда ба манзили Ғаниев Фарҳод Давронович дар рафти тафишот як тағйироти куллиеро ба бор овард. Аз нуқтаи назари сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврўз Умар ин тағйиротро метавон “таркиши вулқон” ҳам номид...
...46...
Соате пас бо даъвати Наврўз Умар ман боз ба милиса омадам.

  • Гуфтам, - ку, таркиши вулқон ногузир аст, - баробари пой ба остонаи дафтари кории сардори бахш гузоштан овоз рӯшан намуда гуфт нафаре, ки боиси ҳама ташвишҳои шабонгоҳии банда гашта буд.
  • Оё гуфтанӣ нестед, ки боиси ин ҳама саргардониҳои шумо майори милиса Абдумаҷидов аст?
    -Ба пиндори худи шумо чӣ?
  • Аз он чӣ ки маро бо каломи “бонги хатар”ҷеғ задед, гумон мекунам, ки баҳри гунаҳкор намуданам далелҳои кофӣ доред.
  • Албатта, вагарна чӣ тавр метавонистам шуморо дар ин шаби тор аз паҳлуи янга бозхонд намоям ва боз бо чунин каломе, ки ҳатто аз шуниданаш таъби кас хира мешавад.
    Марҳамат, акнун ба курсӣ нишинед, хоҳиш мекунам таклифи бандаро рад накунед.
  • Рафту рад намоям чӣ?
  • Чунин амал танҳо бар зарари худи шумо хоҳад буд, чунки ки медонад натиҷаи ташрифи имрўзаи шумо ба манзили Ғаниев Фарҳод Давронович чӣ натиҷае медиҳад.
  • Оё гуфтанӣ нестед, ки аз суҳбати банда ва Виктория Марковна лочин хабардор шудааст?
  • Садқаи инсони ақли фаҳм шавам.
  • Кӣ вайро?
  • Ба фикрам ҳамсари Фарҳод Давронович.
  • Лочин чӣ кушише ба харҷ дод?
  • Ў бо ҷиянаш дар тамос шуд.
  • Бо Шаҳлои Носир.
  • Дигар бо кӣ мешуд?
  • Вайро чӣ матлабе будааст?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан