- Гӯшам ба шумо, бибиҷон, - пушти дари меҳмонхона рост шуда гуфт Ирина.
- Ирина, телефонро ба ин ҷо биёр!
- Хуб шудааст, - гуфт набера ва аз пайи иҷрои супориши бибиаш рафт.
Баъди як дақиқа Виктория Марковна аз телефони дар пешаш истода ба куҷое занг зад. - Гӯш мекунам.
- Света, ин тўӣ?
- Ҳа ман.
- Ман донистан мехостам, ки ҳамон дӯсте, ки ҳавлиро барои ҷияни донишҷўяш ба иҷора гирифт, чӣ ном дорад?
- Сайфулло Каримович, чаро дар ин бора таваҷҷух зоҳир намудед?
- То ҷое, ки банда хабар дорам, дар он ҳавлӣ касе зиндагӣ намекунад
- Барои мо фарқаш чист, ки касе зиндагӣ мекунад ё не, муҳим он аст, ки иҷоранишин пешаки маблағи яксолаи иҷорапулиашро пардохт намуд.
Бо Виктория Марковна хайрухуш намуда баромадам.
Ҳарчанд аллакай офоб ба ғуруб рафта буд, вале ман боз ба идора омадам. Наврўз Умар чун аз натиҷаи вохӯриам ба Куликова огоҳ гашт, гуфт ки таркиши вулқон ногузир аст.
Соате пас Ҷомии Шариф ҳам омад. Ў гуфт, ки ҳамсари Хуршед Малик дар ҳодисаи ба сараш омада аз собиқ шавҳар домангир нест. - Чӣ хел? - пурсид Наврўз Умар.
-Ба андешаи собиқ ҳамсар зиндагии Хуршед Малик пур аз шебу фарозҳост ва бо ҳам рост наомадани нигоҳи зану шавҳарро низ сабаб пасту баландиҳои худи зиндагист, - дар ҳамин як ҷумла аз кори якрузаи хеш ҳисобот дода гуфт нозири минтақавӣ.
Ману Ҷомӣ дар сари чорраҳаи аввалин ҷудо шудем.
Нозири минтақавӣ ба пункти такягоҳи ҷамъиятӣ рафт. Ман бошам, ба тарафи истгоҳи наздиктарин ҳаракат намудам ва баъди ним соат ба хона расидам.
Ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовардам, ки соате пас аз нав боз ба милиса меоям.. Ҳамаи инро шояд сабаб он аст, ки инсон пешомади корро намедонад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




