Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 450 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 450 аз 527 · 2 ноябри 2026

Баробари ба курсӣ нишастан пиразан нигоҳи саволомезашро ба сӯям дӯхт ва ман дар бораи ҳавлии дар кӯчаи Камонгарон доштааш пурсон шудам.
-Ҳавлиро донишҷӯе ба иҷора гирифтааст. Чун ӯ маблағи яксолаи иҷорапулиро пешакӣ пардохт намуд, мо дигар ӯро ташвиш надодем

  • Ному насабаш?
  • Намедонам.
  • Чи хел хонаатонро ба нафаре бовар намудеду ному насабашро напурсидед?
  • Моҳе пас аз он ки Светлана маҷбуран бандаро ба ин ҷо гирифта овард, гуфт, ки яке аз дўстонаш хоҳиш намудааст, ки ҷиянашро дар ҳавлии аз модар мерос монда ба иҷора гирад.
  • Светлана ин духтаратон?
  • Ҳа.
  • Ў чикора аст?
    -Дар кассаи фурӯдгоҳ кор мекунад.
  • Ҳоло вай дар куҷо?
  • Дар кор. Онҳо як шабонарӯзи дигар истироҳат мекунанд.
  • Шавҳараш дар куҷо кор мекунад?
  • Дар идораи амволи давлатӣ.
  • Ному насаби шавҳараш?
  • Ғаниев Фарҳод Давронович.
  • Светлна ҳам фамилияи шавҳарашро гирифтааст?
  • Чӣ хеле ки шумо тоҷикон мегўед, “духтар устухони даҳони саг.”Бубинед, ҳатто баъди ба шавҳар баромадан номи гузаштагони хешро ҳам наметавонад, бо худ дошта бошад.
    Истед, ки дар он ҳавлии мо ягон ҳодиса рух додааст?
  • Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале гумон мекунам, ки дар рўзҳои наздик шумо аз асрори ҳавлии хеш огоҳ хоҳед шуд.
  • Чӣ хел асрор, шумо чиҳо гуфта истодаед?
  • Аз ин беш ман ҳоло чизе гуфта наметавонам. Рафту агар бо телефон аз духтаратон мепурсидед, ки ҳавлиро ба кадом шиносаш ба иҷора додааст, дар он сурат суҳбати мо ранги дигар мегирифт.
  • Бисёр хуб, - гўён пиразан набераашро бо овози баланд ҷеғ зад.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан