Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 449 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 449 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ғоибона.
  • Истед, ки ин чӣ хел шиносоӣ будааст?
    Хостам ба он духтараки кунҷков шаҳодатноами хизматиамро нишон диҳам, вале аз дохил касе калидро тоб доду дар кушода шуд.
    Пиразан гоҳ ба ман ва гоҳ ба наберааш чашм дӯхта, дар интиҳо пурсид: - Ирина, ин кас ҳамроҳи худат?
  • Не, бибиҷон, ин касро ман дар ҳамин пушти дар дидам.
    Мегўяд, ки бо шумо шинос аст.
  • Бо ман? - ҳайрон шуда пурсид пиразан.
  • Ман ба набераатон гуфтам, ки бибиатро ғоибона мешиносам.
  • Агар бибиатро намешиносам мегуфтед, беҳтар буд, - эътироз намуда гуфт пиразан.
  • Тайи ду шабонарўзи охир шумо, Виктория...
  • Виктория Марковна.
  • Чӣ хеле ки гуфтам, тайи ду шбонарўзи охир шумо, Виктория Марковна, қаҳрамони асосии ҳама суҳбатҳои мо будед.
  • Ман?
  • Бале, шумо, - гўён ман аз ҷайбам шаҳодатномаи хизматиамро бароварда, ба дасти пиразан додам.
  • Канӣ, Иринаҷон, бубин, ки ин чӣ гуна ҳуҷҷатест? - гўён дар навбати хеш пиразан шаҳодатномаи хизматии бандаро ба дасти наберааш, ки ҳанӯз чун ман пушти дар меистод дароз намуд.
  • Ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД-и ноҳияи Гулистон майори милиса Абдумаҷидов Акбар Ҳакимович, - бо овози баланд аз рўи ҳуҷҷати дар дасташ буда бандаро муаррифӣ намуд набера.
  • Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ?
  • Ҳа, бибиҷон, дар ин ҷо (Ирина нигоҳашро ба шаҳодатномаи дар дасташ буда дӯхт) ҳамин хел навиштагӣ.
  • Яъне, шумо аз милиса?
  • Аз милиса. Виктория Марковна.
    -Чӣ ягон ҳодисае рух дод, ки шумо ба суроғи банда бархестед? – гуфта пиразан ману набераашро ба хона таклиф намуд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан