Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 448 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 448 аз 527 · 2 ноябри 2026

Сипас тариқи телефони “02” шуморо пурсидам ва навбатдор моро пайваст намуд. Дар ин муддат се

  • чор дақиқа сипарӣ шуд.
  • Шояд он бонуи ҳамроҳи вай фирорнамуда дугонаат буд?
  • Не, қаду қомати вай дар нисбати Шаҳло баландтар буд.
    Ману аксбардордухтар дар ҳамон ҷо хайрухуш намудем...
    ...45...
  • Виктория Куликова гуфтед?
  • Бале.
  • Духтараш чӣ ном дорад?
  • Светлана.
  • Ошёнаи сеюм, ҳуҷраи рақами нуҳ, - гуфт охирин мусоҳиби ман, ки тайи қариб ним рӯзи кофтуков ба суолҳоям посухи аниқ дод.
  • Ташаккур.
    Чун ба ошёнаи сеюм баромадам, дар рўӣ ба рўи ҳуҷрае, ки болои дарашро рақами “9” зеб медод, таваққуф намуда, сипас даст ба тугмачаи пушти дар бурдам. Овози маҳини парандае, ки вазифаи зангро ба ҷо меовард, садо дод, вале касе баҳри кушодани он наомад. Ман боз ду маротиба тугмачаро зер намудам.
  • Ҳозир, ҳозир, - шунидам овози занонаеро, ки аз дохили ҳуҷра бандаро ба сабурӣ даъват мекард.
    Дар ҳоле, ки ман ҳанӯз интизори кушодани дар будам, духтараки понздаҳ-шонздаҳсолае аз зинаҳо ба боло баромада истода, бандаро дида пурид: - Ба шумо кӣ даркор?
  • Соҳиби ҳамин хона.
  • Бо соҳиби хона чӣ кор доштед?
  • Албатта, инро ман ба шумо нахоҳам гуфт.
  • Шояд суроғаро хато карда бошед.
  • Аз куҷо гирифтед?
  • Аз он чӣ ки ман шуморо бори аввал мебинам.
  • Яъне, ки соҳибхона шумоед?
  • Ман.
  • Шумо набераи Виктория - хола?
  • Оҳҳо, шумо бибиамро ҳам мешиносед?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан