Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 447 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 447 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Акбар Ҳакимович?
  • Ҳа ман.
  • Маро шинохтед?
  • Не
  • Ман Зебо. Зебои Ризвон.
  • Шуморо гӯш мекунам.
  • Ҳамон нафареро, ки ҳамроҳи Шаҳло дида будам, даҳ дақиқа пеш вохӯрдам.
  • Ҳоло вай дар куҷост?
  • Дар истгоҳ, ба фикрам, касеро интизор аст.
  • Хоҳиш мекунам то расида омадани мо...
  • Хуб шудааст.
    Баъди ҳашт дақиқа мо ба истгоҳи таъиннамудаи аксбардордухтар омадем, вале ба ҷуз Зебо дигар касеро надидем.
  • Канӣ вай? - баробари аз мошин фаромадан чанд қадам ба сӯйи Зебои Ризвон гузошта пурсидам ман.
  • Вай рафт.
  • Ба куҷо?
  • Намедонам, вале ў танҳо нарафт.
  • Шуморо нафаҳмидам.
  • Вақте ки бо хоҳиши шумо ман аз ҷойи корам берун шудам, дидам, ки вай ҳамроҳи зане сари суҳбат қарор дорад.
    Ба гумонам, вай маро дид ва ба ҳамроҳаш чизе гуфт, ки ҳарду шитобон ба автобуси дар истгоҳ буда даромаданд. Онҳо мусофирони охирине буданд, ки савори автобус шуданд.
  • Он занро нашинохтед?
  • Не.
  • Симояшро тасвир карда метавонед?
  • Не.
  • Чӣ хел?
  • Чунки он зан пушт ба тарафи коргоҳи мо меистод, мард бошад, баръакс, пушт ба тарафи роҳ буд.
  • Он мард мўйлаб дошт?
  • Бале.
    -Чӣ хел вайро дидед?
  • Ман аз коргоҳ баҳри гусели холаам баромадам ва нохост нигоҳам бо нигоҳи вай бархӯрд. Сипас, узре пеш оварда, бо холаам дар нимароҳ (даҳ-бист метр дуртар аз истгоҳ) худоҳофизӣ намуда, ба ҷойи корам рафтам ва ба шумо занг задам, вале бенатиҷа.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан