- Намедонам.
- Афсӯс ки аз рўи расм шахсияти ҷавонмарде, ки ҳамроҳи модел ва бевазани аз он кулба бурун омадаро муайян карда натавонистем.
- Аминам, ки пешниҳоди моро сарфи назар накардаед?
- Не, албатта. Дирӯз ману Воҳид Камол ва сипас Воҳид Камолу прокурор сари ин масъала баъди баҳси тӯлонӣ ба мувофиқа омадем.
- То кунун дар ин бора натиҷае нест?
- Чӣ хеле хабар доред нест, вале мо ба анҷоми неки амалиёт умед мебандем. Истед, ки нозири минтақавиро ба кадом самт фиристодед?
- Метавонед осуда бошед. Ҷомии Шарифро ба назди собиқ ҳамсари Хуршед Малик, ки сокини кӯчаи Салимзодаи шаҳри Ваҳдат аст, фиристодам.
- Чаро худи вайро ҷеғ назада, ҳамсарашро мавриди пурсиш қарор доданиед?
- Шумо худ шоҳид будед, ки ҳамон субҳ Саодати Назар кафили бегуноҳии вай шуд.
- Ин ҳануз маънои онро надорад, ки мо вайро ба гӯшаи фаромӯши диҳем.
- Хуб мешуд, агар акси вайро ба мадди назари Зебои Ризвон мегузоштем.
- Чун Ҷомии Шариф аз шаҳри Ваҳдат баргардад, боз сари ҳамин пешниҳоди шумо андеша хоҳем кард.
- Дирӯз ман бисёр кӯшидам, ки розигии Воҳид Камолро баҳри ба милиса даъват намудани Шаҳлои Носир ва Раънои Салим гирам, вале бе натиҷа.
- Мо дар марҳилае қарор дорем, ки ҳар як хатои ночиз ҳам метавонад боиси шикасти амалиёт гардад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз бояд каме ҳам бошад, сабру таҳаммулро пешаи хеш қарор диҳем.
- Намедонам, аз ҳамаи ин сабру таҳаммулҳои пешгирифтаи мо манфиате мерасад ё не?
- Дунё ба умед гуфтаанд.
Занги телефон садо доду Наврўз Умар гӯшакро бардошта, сипас онро ба тарафи ман дароз намуда гуфт: - Шуморо мепурсанд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




