Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 445 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 445 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ман ҳеҷ намефаҳмам, чаро шумо ба ҳамин як амале, ки онро нодида гирифта гузаштан мумкин аст, чунин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаед?
  • Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтаанд. Наход шумо дарк накарда бошед, ки ҳамин як амали ноҷо, чӣ оқибате меовард?
  • Дар ҳодисаи мазкур хатоеро намебинам.
  • Дар ин бора баҳс намекунам, вале агар ҳаракатҳои Ҷомии Шариф натиҷаи дигар ба бор овард - чӣ?
  • Оғозеро, ки анҷомаш нек аст, чӣ чой таассуф?
  • То бад нагўед, нек пеш намеояд, ин суханони ман, не балки порае аз каломи бузургон аст.
  • Наврўз Умарович, ҳатто дар ҷанг ҳам як қоидае ҳаст.
  • Чи хел қоида?
  • Ғолибонро муҳокима намекунанд.
  • Вале, мо дар ҷанг нестем ва наметавонем ба ҳар як амали ноҷои зердастони хеш аз паси панҷа нигарем.
  • Биёед , беҳтараш ба анҷоми неки кор умед мебандем.
    -Чун бандаро роҳи дигаре нест, ҳисоб намоед, ки пешниҳодатон пазируфта шуд.
  • Сипосгузорам.
  • Муайян намудед, ки ҳавлии дар кӯчаи Камонгарон буда аз они кист?
  • Аз рўӣ ҳуҷҷатҳои Раёсати манзилию комунали ҳавлӣ ба пиразане бо номи Виктория Куликова тааллуқ дорад. Муддати ним соли охир пиразан ба хонаи духтараш, ба қисмати дигари шаҳр рафтааст. Аз эҳтимол дур нест, ки хонаро ба иҷора гузошта бошад. Кормандони хадамоти манзилию комуналӣ боре ҳам дар он манзил нафареро надидаанд.
  • Гуфтаниед, ки дари хона ҳамеша баставу дудаш кушта аст?
  • Ба фикрам ҳамин хел аст, ё амсоли ин.
  • Нафаҳмидам.
  • Шояд гӯруҳе ё нафаре хонаро баҳри мақсадҳои дигари хеш ба иҷора гирифта бошад?
  • Чӣ хел мақсадҳо?
  • Чун хонаи конспиративӣ.
  • Оё гуфтанӣ нестед, ки вохӯрии дирӯза дар кӯчаи номбурда характери конспиративӣ дошт?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан