- Сипас чӣ шуд?
- Чун Раъно вориди ҳавлӣ шуд, ман дубора ба Зебо занг зада координатаҳои хешро гуфтам.
- Парво накун, Фариддун худаш соҳиби аробаи зебоест, - гуфт дӯсти мо ва рақами аробаи Фаридунро такрор намуда, гӯшакро ба ҷояш гузошт. Албатта, ҳамаи ин таваккал буд, вале чӣ хеле шумо, рафиқ майор медонед, банда таваккалро ҳамеша хуш дорам. Афсӯс, телефони банда камера надошт, вагарна Фаридунро ҳам азоб намедодам. Баъди ҳаждаҳ дақиқа аробаи Фаридун вориди кӯчаи Парвин шуд. Ман ба қавле аз камингоҳ берун шуда сари роҳаш баромадам ва “парол”-ро гуфта ҷисми хешро, ки тайи, ин муддат хастаю афгор шуда буд, дохили мошини “Волво”-и Фаридун гирифтам. Баъди сенздаҳ дақиқаи интизорӣ аз он дарвоза дӯсти деринаамон Шаҳлои Носир баромада, ба тарафи шимол ҳаракат намуд. Пас аз ҳашт дақиқа бонуе, ки дар либоси мотам буд, аз дарвоза баромада, ба самти ҷануб рафт Баъди се дақиқаи дигар он бачамарде, ки аксаш дар дасти шумост, аз он маҳфил берун омад. Мо боз бист дақиқаи дигар он ҷо истодем, вале ҳама орому сокит буд.
Сипас бо хоҳиши ман Фаридун рафта, занги дарро пахш кард, вале бенатиҷа...
...44... - Канӣ вай худаш?
-Ҷомии Шариф? - Боз кӣ мешуд?
- Вай рафт.
- Ба куҷо?
- Ба разведка.
- Чӣ хел шумо тавонистед, ба нафаре, ки аз гумонбаршуда ёрӣ пурсидааст, бовар намоед?
-Ғаввос агар андеша кунад, коми наҳанг, Ҳаргиз накунад дурри гаронмоя ба чанг.
-Ё тавба, мо дар чи хаёлему фалак дар чӣ хаёл, - бо қавоқи гирифта эътироз намуд сардори бахш.
-Наврўз Умарович, шумо нағз медонед, ки дар милиса бе таваккал намешавад. - Ҳар як кор андоза дорад, чун аз андоза берун шавӣ, кор расво мешавад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




