Акси дигари аз он ҳавлӣ бурун омада Раънои Салим буд, ки бо ҳамон либоси сиёҳ ба ин ҳавлӣ ташриф оварда буд.
Акси сеюм акси марде буд, ки дар тан боронии сиёҳи ниҳоят шинам дошт. Дар намуд ў бистуҳафт – сисола буд.
- Бе тафсири шумо ба хулосае омадан душвор аст, - ниҳоят риштаи хомўширо бурида гуфтам ман.
-Ба ҷойи вохўрӣ ба ҳамон чорраҳае рафтам, ки он субҳ рафтани шуморо ба кӯчаи Сафедорон дида будам. Баъди панҷ дақиқаи интизорӣ хонум Раъноро дидам, ки аз кӯчаи Сафедорон ба сӯйи ман меомад. Ман аз истгоҳ қафотар рафтам ва паҳлуи чанори сари роҳ рост шудам.
Баробари ба истгоҳ омадан ў интизори омадани нақлиёти шаҳрӣ нашуда, рўи роҳ баромад ва даст бардошт то мошини роҳгузареро нигоҳ дорад, вале кораш чандон омад накард.
Сипас, мошини сафеди хориҷие паҳлуи вай истод ва танҳо баъди машварати начандон тӯлонӣ ў дари қафои онро кушода нишаст. Ба бахти мо, ки мошини “Жигулие” низ баробари даст бардоштани банда истод. - Ман ҳуҷҷати хешро ба ў нишон дода, мақсадамро баён намудам. Хушбахтона, дар чорраҳаи дуюм мо аллакай аз қафои ҳамон “Мерседес” -и сафед истодем. Тайи ҳамин муддат ман ба Зебои Ризвон занг зада гуфтам, ки ба хизмати ў таъҷилан ниёз дорам.
- Ба Зебои Ризвон?
- Бале.
- Ну ты хоть подумал, что она у нас под колпаком?
- Дар он лаҳзаҳо не, чунки ман мефаҳмидам, ки Раънои Салим ба куҷо шитоб дорад ва ҳамаи ин шитобкориҳо бе бало нестанд.
- Баъд чӣ шуд?
- Зебо гуфт, ки худ омада наметавонад, вале метавонад ҳамкораш Фаридунро ба ёрии банда фиристад. Ман розӣ шудам ва гуфтам, ки занги навбатиамро интизор шавад. Тайи ин муддат мо аз қафои “Мерседес” ба кӯчаи Парвин рафтем.
Раъно аз мошин фаромада, чашм ба рақами хонаҳо дӯхта, ба самти шимолу шарқии кӯча рафтан гирифт ва баъди ду дақиқа ана пушти ҳамин дарвозае, ки аксаш дар дасти шумост, рост шуд ва даст ба тугмачаи пушти дар бурд...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




