Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 442 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 442 аз 527 · 2 ноябри 2026

Аз рўи маълумоти дар дасти тафтишот буда Нодир Замон чанд сол қабл ҳамроҳи Парисо саҳнаи тўйҳоро оро медодааст.
Чун аввалӣ бо замона ҳамқадам будааст, аз рўи вазъи ба амаломада белро ба равиши об тела дода, соҳилро убур намуда, тоҷир шудааст. Парисо боре ба Рафоати Муҳаммад гуфтааст, ки хешбачаат то қиёмат аз ман қарздор аст. Аз рўи ҳуҷҷатҳои дар тафтишот буда маҳз Раънои Салим садди роҳи муҳаббати ҳофизу раққоса шуда. Мо ҳанўз намедонистем, ки Раънои Салим меваи шохи баландест ё худ меваи пухтарасидаю афтода, ки онро Нодир Замон аз таги дарахт бардоштааст. Ба замми ҳамаи ин Раъно замоне дар маркази туризм кору фаъолият намуда...
Ба дар касе ангушт зад ва ҳамин як садо тамоми андешаҳои дар майнаам даврзанандаро пароканда кард. Дилу бедилон овоз рўшан намудам ва лаҳзае пас лейтенанти милиса Ҷомии Шариф по ба остона гузошт. Аз қиёфааш маълум буд, ки ўро асроре дар замир аст.

  • Даромадан мумкин?
  • Шумо аллакай вориди дафтари корӣ шудед, - гуфтам ман ва ҳамин суханам боиси болидаруҳии нозири минтақавӣ гашт, ки ў боз ду - се қадам ниҳода ба курсие нишаст...
  • Шуморо гӯш мекунам, рафиқ лейтенант.
    Ҷомии Шариф каломе ба забон наоварда, аз ҷайбаш чанд расмеро бароварда ба дасти ман дод.
    Мусоҳибамро лаҳзае сари андешаҳои доштааш гузошта, нигоҳамро ба натиҷаи кори ў духтам. Ҳар се расми дар дасти ман буда дар пеши дарвозаи ҳавлие гирифта шуда буданд. Дар нигоҳи аввал ҳеҷ яке аз он расмҳо таваҷҷуҳеро бедор карда наметавонист, чунки дар ҳаракатҳои шахсони ба объектив афтида, пайвастагие дида намешуд, вале ...
    Ба аксҳои мазкур на ба чашми худбин, балки ба чашми ҷаҳонбин ё худ чашми дил назар мебоист кард.
    Ҳаминаш кифоя буд, ки аз се нафари аз дарвоза берун омада ду нафараш аллакай шиноси мо буданд. Яке аз он нафарон ҳамон муши бур, ки ситораи ширкати шотландии “Виле КЭТ” гардида буд, ин дафъа аз дарвозаи ҳавлие, ки дар паси девори баланд воқеъ гардида буд, чун дузд берун меомад.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан