Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 441 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 441 аз 527 · 2 ноябри 2026

Дар ҳамин ҷо боз суханони Суҳроби Шорамазон : “гург рангашро тағйир медиҳад на хислаташ”-ро ба ёдам омад. То андозае ҳақ ба ҷониби ташхисгар - криминалист буд.
Новобаста аз он, ки капитани милиса ин суханонро дар нисбати Хуршед Малик гуфта буд, вале ба пиндори кунунии банда ҳамин ҷумла худ муаррифгари Алихони Набипур ҳам шуда метавонист...
Дар замоне ки банда сари “корнамоиҳои” собиқ рўзноманигор андеша доштам, хомаам аз шохае, ки номи вай сабт гардида буд, боз ду пайванди дигар баровард, ки яке онҳоро ба Нодир Замон ва дигарашро ба хамсараш Раънои Салим шабеҳ додам. Чун аз рўи маълумоти гирифтаи мо дар ҳодисаи ба сари Нодир Замон омада дӯсташро гунаҳкор кардан қариб ки ғайриимкон буд ва ин андешаи як худи ман, не, балки хулосаи суханони муфаттиши прокуратураи ноҳияи Рўдакӣ Дилшоди Ибод “ўро алибии мустаҳкаме ҳаст, ки боду борон он тараф истад, ҳатто тӯфони бузург ҳам ҷунбонданаш наметавонад”, буд, ман каме ҳам руҳафтода шудам.
Тайи солҳои дар милиса кору фаъолият доштанам, чандин чунин алибиҳоеро вохўрда будам, ки чун “девори Бузурги Чин” садди роҳи тафтишот гардида, вале мо боре ҳам нияти рахна намудани чунин деворҳоро аз сар дур накарда будем ва маҳз ҳамин ниятҳои нек боиси ба қуллаи мақсуд расиданамон мегардид...
-“Ист!” Ин нидои ногаҳонии аз замирам бурун ҷаста, вуҷудамро ба ларзиш оварду хомаи дар дастам буда, беихтиёр болои лисон афтид.
Хома болои лисон тарзе афтид, ки решаи он (самти муқобили нӯги тарошидашуда дар назар аст) болои решаи асосии дарахт - доирае, ки дар он номи Парисо сабт ёфта буд ва нӯги он болои номи Алихони Набипур ҷой гирифта. То ба номи собиқ рўзноманигор расидан хома шохаи дигарро бо номи Раънои Салим пахш намуда буд...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан