Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 440 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 440 аз 527 · 2 ноябри 2026

Дар ҳамин ҷо таваққуф намудам, то бубинам байни ин шохаҳо ва худи ядрои марказӣ чӣ пайвастагие ҳаст.
Ҳангоми пурсиш Шаҳлои Носир возеҳу равшан гуфт, ки ҳарчанд Парисоро мешинохт, вале боре ҳам онҳо дар манзили якдигар набуданд, ҳол он ки Зебои Ризвон рӯзи дуюми соли нав Парисоро дар хонаи Шаҳло дидааст ва худи Шаҳло гуфтааст, ки Парисо ба наздикӣ барои кор ба хориҷи кишвар рафтанист. Аз ҳамин шохае, ки номи аксбардор сабт шуда буд, ман ба самти Хуршеди Малик ҳам хат кашидам. Новобаста ба он ки сабз шудани ин шоха ба гумон буд...
Шохае, ки дар ин номи Мавҷигули Саттор омада буд, аз нигоҳи банда метавонист шохаи аслиро (шохае, ки дар он номи Шаҳло сабт гардида буд, дар назар аст) хушк намояд. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки дар шаби соли нав Шаҳло Парисоро, ки ба гуфти худаш чандон муносибати наздик надоштанд даъват намуда буду Мавҷигулро, ки дар як донишгоҳ таҳсил мекарданд не, ба замми ин дар нишондоди ҳарду оиди вақт ва вохўрии ногаҳонӣ тафовути зиёде дида мешуд.
Аз ҳамин шоха, номи барандае, ки ҷоизаи “Виле КЭТ”- ро сазовор гашта буд, боз як шоха ва аз он шохаи дигаре рӯи лисон мунаввар намуд...
Шохаи аввала ин Сайф ё худ бортинжинери ТУ-154 буд, ки замоне бо Баҳром Ҳасан дўстӣ доштааст. Баҳромро бошад ба гуфти бародараш Исмоил Ҳасан ҳолномаи “рангине” буд, ки ҳатто худи бародар аз ба ёд овардани он шарм дошт...
Баъдтар, чӣ хел ки рафти тафтишот нишон дод, ҳамин лочин тағои Шаҳло ва дўсти Алихони Набипур будааст. Дар ҳамин ҷо ҳам Шаҳло тафтишотро ба канор бурданӣ шуда, шиносоии хешро бо собиқ рўзноманигор инкор намуд, бехабар аз он ки думи рўбоҳ ҳамеша гувоҳи ҳоли ўст. Дар ҳодисаи мазкур ба сифати думи рубоҳ метавон ҳамон акси “Барфи аввал” - ро гузошт...
Маҳз ҳамин пинҳонкориҳои Шаҳлои Носир нимкосаи зери косаро мемонд ва чун Зебои Ризвон қасам ёд намуд (бояд гуфт, ки аз рўи вазъияти ба сари худам омада ман наметавонистам ба аксбардордухтар бовар накунам) ба ҷуз он аксҳои дар кули “Ҷавонон” гирифтан Шаҳлои Носир дигар ҳама он расмҳое, ки аз тасодуфан дидани онҳо Саодати Назар шарм доштааст, маҳсули дасти дӯсти тағои он муши буранд, ки бо кадом як амале ситораи ширкати шотландии “Виле КЭТ” гардида.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан