Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 439 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 439 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Набошад чӣ? - пурсидам ман.
  • Дар он сурат бе ягон калавиш мегуфтам, ки ў ҳамон нафарест, ки “Ёрии таъҷилӣ”-ро ба кӯчаи Зарнисор ҷеғ задааст.
  • Вале аз рўи маълумотҳое, ки мо то кунун ба даст овардаем, касе Хуршеди Маликро бо мўйлаб надидааст.
  • Гург рангашро тағйир медиҳад, вале хислаташро не...
  • Шуморо нафаҳмидам, рафиқ капитан?
  • Чияш нофаҳмост? Ба фикрам, Хуршед Малик на он нафарест, ки мо гумон дорем.
  • Яъне?
  • Ман ҳамааш шуда ташхисгарам ва наметавонам бе факту рақам андешаҳои хешро иброз созам.
  • Мегўянд, ки пеши доно нараву пеши корафтода рав, гумон мекунам шумо рафиқ капитан айнан ҳамон корафтодаед.
  • Чӣ лозим, ҳам майнаи хеш ва ҳам аз дигаронро гиҷ намудан? Оё беҳтар нест, ки акси Хуршед Малик ё худи вайро ба таври қонунӣ ба мадди назари бонуи аксбардор гузорем?
  • Аксашро мумкин, вале худашро ба гумон аст?
  • Чаро?
  • Чунки анҷоми амалиётро роҳбарият ба души хеш гирифтааст, аз ҳамин лиҳоз ба гумон аст, ки бе назорат ба боздошташ рухсат диҳанд.
  • Набошад, илоҷе намуда аксашро дарёбед.
  • Ҳамин пешниҳоди шумо мақбултар аст, - гўён ман бо Суҳроби Шорамазон худоҳофизӣ намудам.
    Аслан ҳамаи нишондодҳои ба даст овардаи мо пайванди шикастаеро мемонд, ки ҳосил оварданаш ба гумон буд. Сари мизи корӣ нишаста, лисонеро болои миз гузошта, хома ба даст гирифтам, то ҳамчун боғбон баҳри пайваст намудани шохаҳои шикастаи дарахт кӯшише ба харҷ диҳам...
    Дар байни лисон доирачае кашида, номи Парисоро сабт намудам. Сипас, аз он доирача, ки тасвиркунандаи ядрои марказӣ ё худ дарахт буд, ба ду кунҷи лисон хат кашида, дар як тараф номи Хуршед Малик ва дар самти дигараш номи Шаҳлои Носирро сабт намудам. Аз шохае, ки дар он номи тарҳсоз омада буд, ду шохаи иловагӣ бароварда, дар яктои он номи Мавҷигули Саттор ва дар дигараш номи Зебои Ризвонро навиштам.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан