Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 438 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 438 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Шеф дар пеши баромадгоҳ шуморо интизор.
  • Маро ё Акбар Ҳакимовичро?
  • Шуморо, рафиқ подполковник.
  • Тинҷӣ ҳаст? - боз пурсид Наврўз Умар.
  • Тинҷӣ, тинҷӣ, - гўён ёрдамчии навбатдор аз пеши дар дур шуд.
  • Биё, якҷоя равем, - таклиф намуд, Наврўз Умар?
  • Ба куҷо?
  • Ба назди сардор.
  • Вай шуморо пурсидааст на маро.
  • Ихтиёрат, боз нашавад, ки...
  • Намешавад, ҳеҷ чиз намешавад - гуфта ман аз ҷоям бархестам, то вақти қимати нафари интизор бударо нагирам.
    Чанд дақиқа пас аз рафтани Наврўз Умар ман аз дафтари кориам берун шудам ва ба ошёнаи якум фаромадам.
    Дар пеши дари баромадгоҳ касе набуд, чун аз ёрдамчии навбатдор дар бораи Наврўз Умар пурсон шудам, гуфт ба мошини хизматии шеф нишаста рафтанд...
  • Ба куҷо рафтанд?
    Сафари Сафар китф ба ҳам кашид, ки чун алифбои Морзе маънии намедонамро дошт.
    Рўз бегоҳ мешуд ва бандаро дар идора дигар коре набуд, бинобар ин ба ёрдамчии навбатдор хабар додам, ки ба хона меравам ва аз зинаҳои пеши бино ба поён қадам задам...
    Аксари мардум рақами “13”-ро хуш надоранд, вале дар рўзи панҷшанбеи 13 феврал ба ақидаи ман об маҷрои хешро гирифта, аз зери ях баромад...
    Чун боздошти тарҳсоз ва лочин писанди аҳли назар (роҳбарияти ШКД ва прокуратура дар назар аст) нашуд, моро ба ҷуз такрори қисме аз амалҳои пешин дигар чорае набуд...
    Маҳз ҳамин амал боиси дуюмбора ба милиса даъват намудани духтари аксбардор гашт.
    Ин даъфа аз рўи нишондоди Зебои Ризвон мо фотороботи он ҷавонмардеро, ки дар паҳлуи кинотеатр аз фотоателе баромадани моделро интизор будааст, рӯйи коғаз овардем. Аз дидани он акси хаёли дили банда фишурда шуд. Ташхисгар - криминалист ҳам эътироф намуд, ки агар мўйлаби ҷавоне, ки тасвираш рўйи лисон омадааст, набошад...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан