- Пас чӣ бояд кард ё рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба истироҳат равем?
- Интизор бояд шуд. Ба ҷуз воситаҳои алоқаю мукотиба худи лочин ҳам дар зери назорат аст.
- Рафту лочини мегуфтагиатон ягон чизро пайхас намояд,
- чӣ?
- Дар он сурат пӯстин ба тамом сӯхт гўй.
- Пас ҳамин беҳаракатии мо таваккал нест?
- Роҳи дигареро намебинам. Аминам, ки Зебои Ризвон ва Мавҷигули Сатторро барои фош накардани сирри тафтишот огоҳ намудед.
- Метавонед осуда бошед.
- Пас биёед беҳтараш интизор мешавам, канӣ бубинем боз чӣ мешавад?
- Чаро супоришдиҳанда дигар занг назад?
- Намедонам. Ҳа, дарвоқеъ, занги аввала аз телефон автоматии кӯчаи Айнӣ садо додааст.
- Дар як кӯчаи Айнӣ шояд сад телефон - автомат бошад.
- Мехоҳед минтақаи мазкурро ба зери назорат гиред?
- Ба гумон аст, ки супоришдиҳанда одами хом бошад.
- Телефон - автомат дар пеши бинои Вазорати нақлиёт ҷойгир аст, ки аз бинои Раёсати корҳои дохилӣ дар масофаи на зиёдтар аз сад метр аст.
- Шояд баъди боздошт намудан лочин ҳамаашро гуфта медиҳад?
- Агар ў супоришдиҳандаро нашиносад - чӣ?
- Чӣ хел намешиносад, модоме ки бо телефон ҳамроҳи вай гап зад?
- Ин ҳанўз маънои онро надорад, ки онҳо шиносанд. Шояд дар ин ҷо ҳам дар зери коса нимкосае бошад...
Касе ба дар ангушт зад ва эътирози ман ношунида монд.
Баъди овоз рўшан намудани Наврўз Умар дар кушода шуд.
Пушти дар ёрдамчии навбатдор Сафари Сафар меистод. Аз ҳама аҷибаш он буд, ки ў ба ҷуз дари дафтари кории банда дари дигаронро мекушод ва ҳоҷати хеш мегуфт. - Марҳамат, дароед!

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




