- Рафту агар рақами телефони Шаҳлоро дар табло намедидед, ба ў занг намезадед?
- Ба гумон буд, ки занг занам, охир рўзи дигараш якшанбе буд ва ман ба он китоб чандон зарурият ҳам надоштам, чунки дар бегоҳӣ рўзи истироҳат хондани “Математикаи олӣ” ба гумон аст.
- Донишҷў шуда чунин андеша доред. Фаромуш насозед, ки ҳатто дар китоби муқаддас омадааст, ки “аз гаҳвора то гӯр илм омўз.”
- Ман ҳақиқатро гуфтам, ҳарчанд он ба шумо писанд нест ва рафту мефаҳмидам, ки гирифтани китоб бароям ин қадар нобасомониҳо меорад, асло барои гирифтани он намефаромадам.
- Аз ҳодисае, ки ҳамон шаб дар бинои 47/4 рух дод, албатта, хабар доред?
- Ҳа шунидам, ки бонуеро ҳамон шаб ба қатл расонидаанд.
- Донистан мехостам, ки шаби дуюми соли навро дар куҷо гузаронидаед?
- Дар хона будам.
- Нафареро, ки ба қатл расонидаанд, мешинохтед ё не?
- Мо ки дар самти дигари роҳ зиндагӣ мекунем, ба гумон аст, ки вайро шиносам. Не, не намешиносам.
- Дар бораи марги он бону аз кӣ шунидед?
- Аниқашро намедонам, вале чанд рўз пас аз забони Шаҳло шунидам, ки ў дар ошёнаи охири биное, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, иқомат доштааст.
Ман боз ҳамон расмҳои дирўзаеро, ки ба мадди назари Зебои Ризвон гузошта будам, аз ғалладони мизи кориам бароварда назди вай гузоштам, вале Мавҷигули Саттор ягон нафаре аз онҳоро нашинохт...
Мавҷигулро гусел намуда, худ ба дафтари кории Наврўз Умар рафтам...
...42... - Чӣ хаёли хоме?
- Шояд таваккал намоем?
- Не, не, ҳеҷ гуна таваккал лозим нест, мо наметавонем аз рўи як кайк шуда пӯстинро оташ занем. Ба замми ин, маҳз аз рўи ҳамон тарҳсози худрўйи шумо шуда вақтҳои охир дандонҳои Воҳид Камол дар нисбати мо тезтар шудаанд, - қариб ки нафас нагирифта гуфт Наврўз Умар.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




