- Маро ҳам рафтанам лозим, - узр пеш оварда гуфтам ман ва аз ҷой бархестам...
Тамоми роҳ ман сари суҳбати кунунии хеш бо Саодати Назар андеша намудам. Ман акнун фаҳмидам, ки модари Шаҳло ба чӣ корҳо қодир будааст. Бубин ў ҳатто шарм накарда он аксҳои урёни фарзандашро чун нишонае аз зебогӣ дуюмбора ба мадди назари муфаттиш гузоштааст...
Мегўянд, ки “модар чӣ гуна, духтар намуна.” Модоме ки модар амали ба шаъни мусулмонзода норавои фарзандашро чун нишони ифтихор муаррифӣ намудааст, пас аз фарзанди ў чӣ ҷойи гила...
Сари роҳ ба нозири минтақавӣ Ҷомии Шариф занг задам, то дар нимаи дуюми рўз Мавҷигули Сатторро ба дафтари кории банда даъват намояд ва худ ба ошхонаи сари роҳ даромадам. Баъди тановули нисфирўзӣ ба идора омада, интизори омадани дугонаи Шаҳло шудам. Интизориам тӯл накашид, чунки баъди бист дақиқае, ки сари мизи кориам будам, донишҷӯдухтар пой ба остонаи дафтари кориам гузошт. - Ман аллакай ҳамаашро ба шумо гуфта будам ва ба гумон аст, ки ба гуфтаҳои пештараам ягон чиз илова карда тавонам,
- пас аз матлаби бандаро шунидан гуфт Мавҷигули Саттор.
- Хоҳиш мекунам рафти воқеаҳои оншабаро боз як маротиба такрор намоед.
- Вақте ки он шаб барномаи “Ахбор” аз шабакаи якум ба охир расид, ман ба пешайвон баромадам ва хостам ба бародарам занг занам, вале дар телефон рақами Шаҳлоро дида, аввал ба ў занг задам.
Шаҳло гӯшакро бардошт ва гуфт, ки мавзуи дарсашро аз “Математикаи олӣ” хонда тамом намуд ва ҳоло онро гирифта, ба саҳни ҳавлӣ мефарояд.
_ Ман низ ба ў гуфтам, ки дар поён бандаро интизор шавад. Сипас, баъди панҷ-шаш дақиқа мо ба саҳни ҳавлӣ фаромадем, дурусттараш ман ба самти дигари роҳ ба саҳни ҳавлии онҳо рафтам, ки Шаҳло китоб дар дасташ мунтизири омадани ман буд. Мо ду ё се дақиқаи дигар суҳбат намуда, аз ҳам ҷудо шудем...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




