Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 434 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 434 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Шумо ифтихори тамоми мақомоти тафтишотиед ва он чӣ ки рух додааст, айби шумо нест. Дигар кас ба ҷойи шумо мебуд, ба гумон буд, ки чизеро пайхас намояд.
  • Рафту агар модари Шаҳло дигарбора он расмҳои урёни духтарашро ба мадди назари банда намегузошт, ман ҳам чунин фикр мекардам. Ба наздикӣ соҳиби набера мешавам, вале ҳанўз чун кӯдаки нодонам...
  • Шахсиятҳои бузурги дунё ҳам гоҳ-гоҳ аз содагии хеш меноланд ва ба гумон аст, ки тайи ҳазорсолаи нав ҳам ваксинаеро баҳри бартараф намудани чунин як ҷурми беозор дарёбанд.
  • Кошки дар ҳазорсолаи нав ваксинаеро ихтироъ менамуданд, ки баробари ба забон овардани алфози дурўғ дурўғгўиро ба ҳалокат мерасонид...
  • Зиндагӣ бо каму бешаш зебост, рафту шаб набошад, мо зебоии рўзро дарк нахоҳем кард, агар гурусна намонӣ, кай қадри нон бидонӣ ва билохира, агар дузду палид набошад, мову шумо чӣ кор мекардем?
  • Ягон роҳи дигари зиндагиро меёфтем, - гуфт муфаттиши прокуратура ва боз сари мизи кориаш нишаста суханашро идома дода пурсид: - Ба андешаи шумо аз хона баромадан ва ба дараи Ромит рафтани модару духтар ҳам аз рўйи нақша аст?
  • Ман гумон намекунам, ки дар ҳодисаи ба сари Парисо омада Соҷидаи Ҳусейн ва духтараш нақши “бузурге” дошта бошанд, вале рафтори онҳо моро водор месозад, андеша намоем, ки онҳоро дар ин амал роҳбаладе ҳаст.
  • Номзад ба ин мақомро, албатта, шумо намедонед?
  • Намедонам.
  • Рўзи шашум аст, ки ман қарорро дар бораи ба зери назорат гирифтани тамоми воситаҳои мукотибаи Сайфуллои Карим имзо намудам, пас канӣ натиҷааш?
  • Рафту агар натиҷаи дилхоҳе ба даст меомад, албатта, шуморо огоҳ менамуданд.
    Занги телефон садо доду муфаттиш гӯшакро бардошт.
  • Саодат Назаровна, ба назди шеф дароед, - хабар дод нафаре, ки дар тарафи дигари сим буд.
  • Шояд маро интизор шавед? - гӯшакро ба ҷояш гузошта гуфт ў.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан