- Ҳа, акнун ба ёд овардам, - банохост овоз рӯшан намуд ў, дар ҳоле ки ҳанўз самти нигоҳашро дигар накарда буд.
- Чиро ба ёд овардед?
- Гирифтани пораро?
- Чӣ?
- Агар дар ёдатон бошад, вақте ки ман бори аввал акси дар муқова будан Шаҳлои Носирро ба шумо нишон дода гуфтам, ки маҷалларо модари Шаҳло баҳри хотира бароям тақдим намуд...
- Дар ёдам ҳаст.
- Шумо бошед, бандаро ба порагирӣ айбдор намудед.
- Инкор намекунам.
- Акнун ман ба ёд овардам, ки ҳангоме ки модари Шаҳло он маҷалларо ба дастам дод, ман аллакай қомати хешро рост намуда, омодаи бо вай хайрухуш намудан доштам. Ў ҳамон маҷалларо аз ҷевон бароварда, ба дасти ман дод ва худ пешопеш ба пешайвон баромад, то палтои бандаро аз либосовезак биёрад. Ман хостам он маҷалларо ба ҷузвдон гузорам. Дар ҳамин асно аз байни он чанд аксе рӯйи фарш афтид ва банда дуқат шуда онҳоро бардоштам...
- Яъне, ки модари Шаҳло он расмҳоро ба шумо нишон надод?
- Не, не ман худам ҳангоми бардоштани онҳо аз фарш...
- Баъд чӣ шуд?
- Дар ҳамон асное, ки ман он аксҳоро бардоштам, соҳибхона палтои маро гирифта, вориди меҳмонхона шуд.
Акнун ман ба ёд оварда истодаам, ки дар ҳамон лаҳза симои ў тағйир ёфт, вале он вақт ман ба ҳамин чизи одӣ чандон аҳамият надодам, чунки худи соҳибхона дигарбора он расмҳоро ба мадди назари банда гузошта, гуфт, ки гумонҳои бад набарам, чунки Шаҳло ин расмҳоро танҳо баҳри хотира чун нишоне аз ҷавонӣ, аз ормонҳои хеш, ки чун фасли баҳор зебоянд, дар танҳоӣ аксбардорӣ намудааст. Аксбардор бошад, дугонаи худи ўст, ки чун Шаҳлоҷони ман вай ҳам зебопараст аст... - Ҳарчӣ ҳам набошад, саҳми шумо дар ёфтани ин шоҳиди “худрўй” аз ҳама бештар аст.
- Банда гумон доштам, ки шумо маро сарзаниш мекунед.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




