- Вай чандсола буд?
- Тахминан бистушаш – сисола, қоматбаланд буд ва боз мўйлаби зебо дошт. Мардони мўйлабдор аслан писанди ман ҳастанд ва рафту вай агар мўйлабашро тарошад, ба гумон аст, ки ман ўро дар кӯча бинаму шиносам.
Ман, ки то ба ин лаҳза мехостам расми Алихони Набипурро ба вай нишон диҳам, баъди шунидани суханони Зебои Ризвон астағфурилоҳ гуфтам, чунки собиқ рўзноманигор ба ҷуз он ки мўйлаб надошт, боз марди қадпаст ҳам буд. Он мард метавонист аз рўйи тасвири намудаи Зебои Ризвон, Хуршеди Малик бошад, рафту агар Хуршеди Малик мўйлаб медошт. Дигар нишонаҳои ў ба Хуршеди Малик рост меомад ё не, кӣ медонад? Ба ҷойи расми собиқ рўзноманигор ман нишондоди вайро ба дасташ додам, то худаш онро хонда имзо гузорад.
Аксбардордухтар ҳамаи он панҷ саҳифаро хонда имзо гузошта пурсид: - Шояд ман равам. - Ман бисёр мехостам, ки дар ин бора ба касе забон накушоед.
- Фаҳмидам.
- Ин ҳанўз кам аст.
- Мехоҳед, ки чун ҳамон шаб ман боз қасам хӯрам.
- Ман мехоҳам шумо бандаро бовар кунонед, ки ҳар он чӣ ки дар байни ҳамин чор девор шунидаед, аз байни ин деворҳо берун намебаред.
- Метавонед осуда бошед.
- Рафту агар лозим шуда монед, мо боз шуморо ҷеғ мезанем.
- Зарур бошад, раво бошад, - гўён Зебои Ризвон аз ҷой бархост...
Баъди рафтани ў ман боз Шаҳлои Носирро ба ёд овардам, ки гуфта буд: - “На ман ва на ў дар манзили якдигар набудем.
Мо гоҳ-гоҳ дар лифт якҷоя боло мебаромадем.” Ин ҷо бошад...
...41...
Саодати Назар баъди шиносоӣ бо нишондоди Зебои Ризвон аз ҷой бархоста, ба назди тиреза рафт ва нигоҳашро ба берун дӯхт. Аз нигоҳи асроромези ў пай бурдан душвор набуд, ки муфаттиш сари андешаҳои “рангини” хеш дар парвоз аст...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




