Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 431 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 431 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Оё шумо боре ҳам расмҳои урёни Шаҳлоро дидаед?
  • Не.
  • Оё гуфта наметавонед, ки ўро ба ҷуз шумо аксбардори дигаре, шинос ҳаст ё не?
  • Намедонам.
  • Дар бораи Парисо боз чӣ гуфта метавонед?
  • Баъди соли нав ман дигар ўро дучор наомада бошам, пас дар борааш чӣ гуфта метавонам.
  • Парисо акнун дар қайди ҳаёт нест.
  • Чӣ?
  • Мегўям, ки Парисо акнун дар қайди ҳаёт нест.
  • Ба вай чӣ шуд?
  • Шаби 25 ба 26 январ ўро дар манзили зисташ ба қатл расонданд.
  • Барои кадом гуноҳаш?
  • Барои ба хориҷи кишвар нарафтанаш, ба ҳар ҳол тафтишот ҳамин назарияро мавриди корҳои ҷустуҷўи хеш қарор додааст.
  • Чӣ даҳшате!
  • Баъди соли нав Шаҳлоро дида будед ё не?
  • Тахминан, ду ҳафта пас аз соли нав ў ба ҷойи кори ман омада буд.
  • Матлабаш чӣ будааст?
  • Гуфт, ки “ҳамин хел аз кӯча гузаштаму як сари қадам туро бинам гуфта даромадам.”
  • Ў танҳо буд?
  • Ба фотоателье ў танҳо даромад, вале вақте ман вайро гусел намудам, дар паҳлуи кинотеатр мардеро дидам, интизораш буд.
  • Ў гуфт, ки вайро интизоранд?
  • Не, вале вақте ки ман боз вориди бино шудам, аз паси оинаи тиреза дидам, ки онҳо ҳардуяшон якҷоя ба тарафи истгоҳ рафтанд.
  • Агар он касро бинед, мешиносед?
  • Шояд шиносам, шояд не.
  • Яъне, кафолати аниқ дода наметавонед, ки ӯро мешиносед.
  • Не.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан