Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 430 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 430 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ҳа шумо.
  • Ва ҳамаи он мушу гурбабозиатон ба ҳамин хотир буд?
  • Худо шоҳид, ки маро он шаб дигар фикре дар сар набуд.
  • Ман мехоҳам Шаҳло ҳамин гапро рў ба рўям гўяд.
  • Ин чандон мушкил нест, ки мо расман шуморо рў ба рў намоем, вале бояд шуморо огоҳ намоям, ки дар он сурат шуморо аз ҷавобгарӣ роҳи гурез нест.
  • Яъне, Шаҳло метавонад, дар рўям гўяд, ки он аксҳои порнографиашро ман гирифтаам.
  • Гумон мекунам, ки чунин хоҳад гуфт.
  • Охир ин туҳмат мешавад, туҳмати рўирост ва шумо уҳдадоред, ки мўйро аз хамир ҷудо намоед.
  • Агар ўро аксбардорӣ накарда бошед, ўро чӣ заруриятест, ки шуморо туҳмат намояд?
  • Инашро ман намедонам.
    Ман аз ғалладони мизи кориам аксҳои Парисо, Нодир Замон ва он ҷавони муғулсиморо, ки дар асоси нишондоди Шаҳлои Носир фотороботаш тартиб дода шуда буд, бароварда болои мизе, ки мусоҳибам паси он менишаст, гузоштам ва худ ба курсӣ нишаста нигоҳамро ба сўйи ў дӯхтам...
  • Чаро ин аксҳоро пеши ман гузоштед?
  • Донистан мехоҳам, ки кадоме аз ин нафаронро мешиносед?
  • Ана ҳаминашро, - Зебои Ризвон ангушташро болои расми Парисо гузошт.
  • Ўро чӣ номест, дар куҷо зиндагӣ мекунад, бори охирин вайро дар куҷо дидаед?
  • Дар рўзи дуюми соли нав ин касро дар хонаи Шаҳло дида будам, агар хато накунам Шаҳло ўро Парисо ё амсоли ин гуфта ба ман муаррифӣ намуда буд.
  • Напурсидед, ў чикора аст?
  • Пурсидам, вале ба ҷойи вай худи Шаҳло посухам гуфт, ки ба наздики Парисо барои кор ба хориҷи кишвар рафтанист.
  • Марҳабо ҳам дар он маҳфил иштирок дошт?
  • Марҳабо дугонаи ман аст, мо якҷоя дар фотоателье кор мекунем. Боре ман ўро ба Шаҳло нишон додам, вале ў ба Шаҳло маъқул нашуд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан