- Ман дар ин бора аллакай ба шумо гуфтам ва наметавонам ба хотири саволҳои беохири шумо нафареро бадгӯӣ намоям.
- Бори охирин кай Шаҳлоро дидаед?
- Чӣ, ба сари ў ягон ҳодисаи нохуш омадааст? - қариб ки бо ҳарос ва овози ҳазин пурсид мусоҳибам.
- Хуб мешуд, ки ба савол ҷавоб медодед?
-Ду ё се ҳафта мешавад, ки ман Шаҳлоро надидаам, бигўед ба ў чӣ шудааст? - Ў акнун модел аст ва дар рекломи маҳсулоти ширкати шотланди “Виле КЭТ” саҳм гузошта истодааст.
- Худоро шукр, ки ў соқу саломат будааст.
- Чӣ шумо хабар надоред, ки Шаҳлои Носир модел аст?
- Хабар дорам, вале дар рекломи кадом ширкат кор карданашро бори аввал мешунавам.
- Дар бойгонии ана ҳамин дугонаатон мо чанд расмҳои урёни ўро ёфтем, ки мутахассисон онҳоро чун аксҳои порнографӣ арзёбӣ намуданд. Ҳангоми пурсиш дугонаатон иқрор шуд, ки ҳама он аксҳо маҳсули кори шумоянд.
- Худи Шаҳло гуфт?
- Ҳа, худи Шаҳло.
- Бовар намекунам.
- Гумон доред, ки ҳамаи ин суханонро ман худам бофта баровардам?
- Намедонам.
- Лаҳзае пеш шумо гуфтед, ки ўро дар кӯли “Комсомол” аксбардорӣ намудед?
- Ман гуфтам, ки ўро дар шакли нимурён ҳангоми аз об баромаданаш аксбардорӣ намудам ва чӣ хеле ки дар боло ҳам ёдовар шудам, чунин аксҳои гирифтаи ман лаки дар лаканд ва ба гумон аст, ки онҳоро таҳлилгаре ба гурўҳи аксҳои порнографӣ дохил карда тавонад.
- Ман аксҳои урён гирифтаи вайро ба назар дорам.
Ҳарчанд ў онҳоро парнография намешуморад, вале бояд гуфт, ки мо наметавонем ба муқобили хулосаи мутахассисон бароем.
Чунин аксҳоро танҳо дар ҷойҳои хилват гирифтан мумкин ва дугонаатон моро бовар кунонид, ки аксбардор шумо будед. - Ман?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




