Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 428 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 428 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Шакле, ки ҷойҳои чашмраси бадани инсон пӯшида аст.
Фарз намудем дар ҳолате, ки инсон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ машғули оббозист.
-Чунин расмҳоро ман дар назар надорам.
-Дар он сурат ман дигар намуди аксҳоро нагирифтаам.
-Донистан мехостам, ки дар шакли нимурён киҳоро аксбардорӣ намудаед?

  • Бо супориши корхона ман борҳо ба ҳавзҳои шиноварӣ ва толорҳои варзишӣ рафта, хоҳишмандонро аксбардорӣ намудам. Ба ёд овардани ҳамаи ин баробари он аст, ки сӯзани гумшударо дар байни тӯдаи коҳ ҷустуҷў намоӣ.
  • Дар муҳити танг чӣ?
  • Дар муҳити хона гўед.
    -Ҳа, дар муҳити хона оё буданд ҳолатҳое, ки нафаре хоҳиш намуда бошад, ки ўро дар шакли нимурён ё урён баҳри хотира аксбардорӣ намоед?
  • Не, чунин ҳолат дар фаъолияти кории ман набуд.
  • Шояд аз байни ёру дӯстон ва ё дугонаҳоятон нафареро дар чунин шакл аксбардорӣ намуда бошед?
  • Не.
  • Аниқ?
  • Чӣ ҷои пинҳон намудан.
  • Донистан мехостем, ки дугонаи наздикатон кист?
  • Инаш ба шумо чӣ лозим?
  • Мехостем вай шаҳодат диҳад, ки шумо ҳаргиз ба чунин амал даст назадаед ва нахоҳед зад.
  • Ба гумон аст, ки дугонаҳоям маро бад гўянд. Оё беҳтар нест, ки ҷурми гуноҳҳои бандаро аз дигар самт ҷўё шавед?
  • Яъне, ки гуноҳ доред?
  • Нокарда дар ин ҷаҳон гуноҳ кист, бигў?
  • Хуш номи дугонаатон?
  • Шаҳлои Носир, Марҳабои Зубайдулло...
  • Оё боре ҳам ҳамин ду нафарро дар шакли урён ё нимурён аксбардорӣ намудаед?
  • Марҳаборо не, вале чун Шаҳло модел аст, ўро боре дар кӯли “Ҷавонон” дар шакли нимурён аксбардорӣ намудам.
  • Дар шакли урён чӣ?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан