Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 427 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 427 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Барои гирифтани аксҳои порногарфӣ ва бояд ба маълумоти шумо расонам, ки чунин амал мувофиқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ҷазо пешбинӣ намудааст.
  • Маро аз ин боке нест.
  • Чӣ хел?
  • Чунки ҳеҷ гоҳ ман чунин аксҳо нагирифтаам.
  • Мо бошем, далелҳое дорем, ки онҳоро ҳатто бо шамшер ҳам буридан ғайриимкон аст.
  • Аз болои ман?
  • Бале.
  • Аҷиб.
    -Чӣ ҷойи тааҷуб?
    -Ҳамааш аҷиб аст, мефаҳмед?
    -На он қадар.
    -Ба гумон аст, ки шумо дар ин ҷода бандаро муттаҳам карда тавонед, новобаста аз он ки ба муқобили ман чунин далелҳо гирд овардаед. Ман акнун дарк намуда истодаам, ки ба ҷойи кори ман омаданатон ва боз вохӯрии ногаҳонии сарироҳӣ тасодуфӣ набудааст.
    -То ҷое ҳақ ба ҷониби шумост.
    -Чаро то ҷое?
    -Чунки далелҳои доштаи мо, ки шумо бо порнография сару кор доред, раднашавандаанд.
    -Лойи хушк дар девор намечаспад ва пеш аз оне, ки бандаро муттаҳам намоед, хуб мешуд, он далелҳои доштаатонро ба мадди назарам мегузоштед.
    -Бе ин намешавад?
    -Рафту далелҳои доштаатонро ба ман нишон надиҳед аз ҳамин лаҳза ман дигар каломе ба забон нахоҳам овард.
    -Ин танҳо бар зарари худи шумо хоҳад шуд.
    -Бар зарари ман?
    -Бале.
    -Аз ман чӣ мехоҳед?
    -Мегуфтед, ки оё шумо боре ҳам нафареро дар шакли урён аксбардорӣ намудаед?
    -Дар шакли урён не, вале дар шакли нимурён ҳа.
    -Шакли нимурёнаш чӣ шаклест?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан