Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 426 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 426 аз 527 · 2 ноябри 2026

“Аз ин бармеояд, ки ..!”. - нидо омад аз ғайб.

  • Аз ин бармеояд, ки он манғитзода маҷмуи тахайюлоти худи тарҳсоз аст ва аҷаб нест ў ин афсонаро бо супориши касе бофта бошад. Модоме ки чунин аст, пас қиссаи дигари ў дар атрофи акси гирифтаи Алихони Набипур саропо ислоҳталаб аст...
  • Яъне, ў аз интишор шудани расми “Барфи аввал” огоҳ аст, - шунидам ин дафъа саволи аз замирам бархостаро.
  • Бале, огоҳ аст ва дигар хел шуданаш ғайриимкон аст, - гуфтам ман ва суръати қадаммониамро тезтар намудам.
    ...40...
  • Шумо Абдумаҷидов? - дар остона шах шуда, пурсид Зебои Ризвон.
  • Марҳамат, гузаред.
    Духтар дилу бедилон боз чанд қадам гузошта назди ҷевони китобҳо, ки аз самти рости дар меистод, қоматашро рост намуд. Шояд ў ба чашмони хеш бовар намекард, ки дар паси мизи корӣ нафаре нишастааст, ки ҳафтае пеш ба таклифи ғайриоддие ба вай муроҷиат намуда буд.
  • Марҳамат, гузашта нишинед, - курсиеро нишон дода гуфтам ман.
    Мусоҳибам шояд дар куҷо буданашро ба ёд овард, ки дигар эътирозе накард.
  • Аминам, ки сабаби ба ин ҷо даъват шуданатонро мефаҳмед?
  • Не, ман ҳатто ба гӯшаи хаёл ҳам оварда наметавонам, ки шуморо чӣ фикру хаёле дар сар аст.
  • Он бегоҳ маро ниҳоят хафа намудед.
  • Шукр гўед, ки ман аз болои шумо шикоят накардам ва агар сабаби ба ин ҷо даъват шудани банда ҳамон муноқиша бошад, ман дар ин ҷо сухане ба забон нахоҳам овард.
  • Дар дигар ҷой чӣ?
  • Рафту агар ман мефаҳмидам, ки даъваткунандаи ман шумоед, ҳатто ба ин ҷо қадам намегузоштам.
  • Дар он сурат мо шуморо ба ин ҷо маҷбуран меовардем.
  • Барои кадом гуноҳам?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан