Ин дафъа матни гуфтугўи хеш ва сояе, ки акнун дунболгирам буд, болои монитори хотирам падид омад.
-“Аз рўи кадом нишонаҳояш ў дар лавҳи хотири шумо монда?
- Абрўвони ў ниҳоят ғафсу пайваста буданд. Чунин нафарон ангуштшуморанд, шояд аз ҳазор не, дурусттараш аз даҳ ҳазор як нафар.
- Шумо ўро кай дидед?
- Соати 2055 дақиқа дугонаам Мавҷигул аз хонаи рў ба рў телефон намуда гуфт, ки “Математикаи олӣ”- ро, ки рўзе пеш аз вай гирифта будам, баргардондам. То ман аз аз модарам рухсат гирифта баромадам, ки боз ду - се дақиқа сипарӣ шуд.
Он шаб лифт кор намекард ва ман аз зинаҳо ба поён давидам.
Дар байни ошёнаҳои нуҳум ва ҳаштум Парисоро дидам, ки ҳамроҳи ҷавони тахминан бисту се-биступанҷсолае, ки дар тан палтои кўтоҳ ва дар сар телпаки ҳамранги палтояш дошт, боло мебаромад.
Таваҷҷуҳи бандаро ҳамроҳи Парисо аз он сабаб бедор намуд, ки ман ўро чанд маротибаи дигар ҳамроҳи ҷавонмарди дигаре дида будам... Ин амали Парисо ба ман маъқул нашуд, вале дар ҳамон лаҳзаҳо ман фурсати бо ў баҳс намудан надоштам... - Ман донистан мехостам, ки оё шумо дар тасвири он симо ба тафтишот ёрӣ дода метавонед?
- Чун дар сараш кулоҳ буд, дар бори мўйҳояш чизе гуфта наметавонам, вале рўяш ба манғитиҳо монанд буд, ягона нишонае, ки таваҷҷуҳи бандаро бедор кард, ҳамон абрўвонаш буд.
- Рўяш ба манғитиҳо монанд гуфта, чиро дар назар доред?
-“Чашмони танг ва бинии пучуқашро...” Сипас дар асоси нишондоди ҳамин муши бур, ки ситораи ширкати “Виле КЭТ” гардида буд, мо фотороботи он манғитзодаро тартиб дода, бо хабарномаҳо ба тамоми мақомоти милиса фиристодем, вале касе ўро нашинохт. Ин хунукназарии ҳамкоронамон боиси малоли хотири мо гашт ва дубора он расмҳоро баҳри шиносоӣ равон намудем, бехабар аз он ки на фардо ва на то рӯзи қиёмат он расмҳоро касе набитвонад шинохт...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




