Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 424 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 424 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Гуфтам-ку ба дил нагиред, кӣ медонад рафти ҳодисаҳо чӣ мешавад.
  • Ман гумон мекунам, ки Шаҳлои Носир ба ҳодисаҳои рух дода ба таври ростхата ҳам набошад, ғайримустақим шарик аст.
  • Хоҳиш мекунам андешаҳоятонро барои рўзи мабодо нигоҳ доред, боз нашавад, ки...
  • Кори шудагӣ шуд? - гуфтам ман ва ба самти дари баромадгоҳ ҳаракат намудам...
    Шаб бо тамоми ҳастиаш хукмфармоӣ дошт. Шамоли сард сару рўямро сила намуд ва ба қавле ман ҳушёртар шудам. Ба сардии ҳаво ва бевақтии шаб нигоҳ накарда, ман майли ба нақлиёти шаҳрӣ нишастан надоштам. Мехостам дар танҳоӣ вазъи ба вуқўъ омадаро бори дигар ба мизони ақл баркашам, ҳарчанд шаб ҳам орому сокит набуд. Ба ҷуз садои нақлиёти шаҳрӣ то ҳанўз дар кӯча мардуми зиёде чун мурчагон дар ҳаракат буданд.
    Ин даъфа баҳри ба хотир овардани модел ман ҳатто талоше ҳам накардам ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки баъди аз назди Воҳид Камол баромадан симои ў, ки то лаҳзаи вохўрӣ бо сарвари ШКД чун рамзи мусбӣ пеши назарам буд, акнун дар ниқоби дигаре чун соя бо ман ҳамроҳ гашт... Симои тарҳсоз ин навбат ҳамқадами ман набуд, балки ў бандаро акнун таъқиб мекард, мисли оне, ки дузди зӯр соҳиби говро мебандад.
    Дар байни мусулмонҳо як сухани маъмуле ҳаст, ки мегўянд: “битарс аз он ки ў натарсад аз худо.” Вале афсўс ки банда шефтаи суханони ширини Шаҳлои Носир шуда, боре ҳам ба гӯшаи хотир наовардам, ки чӣ тавр метавон аз бонуи мусулмон, ки бар хилофи қонунҳои исломӣ амал намуда, аксҳое гирифтааст, ки аз дидани онҳо ҳатто ҳамҷинсаш (Саодати Назар) шарм доштааст, некиеро интизор шуд.
    Кулли мардон ашкро яроқи асосии зан медонанд, бехабар аз он ки табассуми зебо ва сухани ширини зан ҳам чун пайки аз камон ҷаста нишонрас аст.
    Ҳарчанд баҳри хулосабарорӣ ҳанўз вақт буд, вале ман ба хулосае омадам, ки дар ин бозии қисмат (марги Парисои Ҳотам дар назар аст) Шаҳло нақши хешро дорад ё амсоли ин.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан